Зимни нишасти матбуотии имрӯза вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин изҳор дошт, ки талаботи санадҳо оид ба масъалаи сарҳад байни Тоҷикистону Қирғизистон на ҳамеша аз ҷониби кишвари ҳамсоя риоя мешаванд.
“Доир ба масоили сарҳад гуфтушунидҳо бо Қирғизистон соли 2002 оғоз гардида, 18 сол инҷониб идома доранд. Дар натиҷаи ин гуфтушунидҳо дар бораи 519,9 километр дигар қитъаҳои сарҳадӣ созиш ҳосил шуда, он ба санад дохил шуд. Баъди анҷоми расмиёти дохилӣ дар дохили ҳар кадоме аз кишварҳо мебоист дар ин бора байни кишварҳо созишнома ба имзо мерасид. Мо қисман расмиёти ҳуҷҷатҳоро анҷом додем, аммо ҷониби Қирғизистон бо сабабҳои гуногун аллакай 6-7 сол аст, ки имзои онҳоро рад мекунад”, - гуфт вазир.
“Протоколи 34” ва роҳ ба Ворух
Сироҷидинн Муҳриддин проколи байнидавлатии аз соли 2014 байни кишварҳо имзошударо мисол овард.
“Мувофиқи ин санад, ба ҷониби Қирғизистон сохтмони роҳи Оқ-Сой- Тамдик ҳамзамон бо роҳи алтернативии Хоҷаи Аъло - Ворух иҷоза шуд. Ба сохтмони роҳ Қирғизистон ҷавобгӯ буд. Онҳо роҳи барои худашон мувофиқро сохта, қитъаи роҳро ба Ворух фаромӯш карданд. Чунин қарордодҳо хеле зиёданд, лекин кишвари ҳамсоя ва бародар онҳоро иҷро намекунад”, - изҳор дошт вазир.
Зикр шуд, ки бо вуҷуди созишномаи дуҷониба дар бораи манъи корҳои сохтмон дар қитъаҳои баҳсӣ, Қирғизистон ба бунёди иншоот идома медиҳад.
Мувофиқи санади дар боло зикршуда, сохтмони роҳ 75% аз ҷониби Қирғизистон ва 25% аз ҷониби Тоҷикистон маблағгузорӣ шуда, онро Қирғизистон месозад.
“Мо аз Қирғизистон риоя ва иҷрои ҳамаи қарордодҳои ҳосилшударо талаб мекунем, зеро онҳо аз ҷониби комиссияи дуҷониба омӯхта шуда, дар сатҳи баланд ба имзо расидаанд. Қирғизистон он замон бо ҳамаи бандҳои протоколҳои имзошуда розӣ буд. Агар ҳамаи бандҳои протоколҳои имзошуда риоя шаванд, дар мавзеъҳои наздисарҳади чунин вазъият ба вуҷуд намеояд”, - илова кард Сироҷиддин Муҳриддин.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
"Аз таҳти дил ва самимӣ месароид". Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ
Тавсеаи ҳамкориҳои “Саноатсодиротбонк”-и Тоҷикистон бо Бонки содиротиву воридотии Арабистони Саудӣ
“Почтаи тоҷик” баъди як соли танаффус интиқоли нома ва бастаро ба Русия оғоз кард
Қарзи хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 3 моҳ 87 млн доллар кам шуд
Тобистони муфид барои кӯдакон: MediaLAB Asia+ барои наврасон барномаи таълимӣ роҳандозӣ мекунад
Назорат тариқи телефон. Дар шаҳр ва вилояти Маскав ба телефони муҳоҷирон замимаи мобилии махсус насб мекунанд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии картошкаи ҳосили нав оғоз шуд. Имсол он 20% камтар кишт шудааст
Рустам Ятимов беҳтарин дарвозабони мавсим дар Ҷоми Русия эътироф шуд
“Имрӯз ҷасадҳоро ба Ватан меоранд”. Ҳалокати шаш муҳоҷири тоҷик дар садамае дар Қазоқистон
Чаро бонкҳои кишвар асъори хориҷии каме нуқсондоштаро қабул намекунанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста