Дархости Далер Шарифов, рӯзноманигори зиндонии тоҷик барои пеш аз муҳлат озод карданаш аз сӯйи Идораи зиндонҳои Вазорати адлияи кишвар рад шудааст. Вале далели рад шудани дархост аз сӯйи ин ниҳод шарҳ дода нашудааст.
Наздикони Далер Шарифов гуфтаанд, ки ин дархост як моҳ пештар ба мақомот ирсол шуда буд, вале рӯзи 18-уми сентябр посухи ради онро дарёфт намудаанд.
Абдуманон Шарифов, падари ин рӯзноманигорӣ зиндонӣ гуфтааст, вазъи саломатии писараш хуб нест ва ҳамчунин дар зиндон “як навъ фишори равониро эҳсос мекунад”.
Ин рӯзноманигор, ки яке аз мунтақидони низом дар кишвар буд, баҳори имсол аз сӯйи Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе барои як сол зиндон шуд. Ҳамчунин наздикони Далер гуфтаанд, ки бояд ӯро 5 июл ба маҳбаси сукунатӣ мегузарониданд, вале нагузаронидаанд.
Далер Шарифов, 28-уми январи 2020 аз сӯйи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт шуд ва додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт 16-уми апрел ӯро барои “барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ” муҷрим шинохт.
Парвандаи ин рӯзноманигори тоҷик яке аз қазияҳои пурсару садо ҳам дар ҷомеаи тоҷик ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ буд. Баъди боздошти ин рӯзноманигор, Додситонии кулли Тоҷикистон дар як изҳорот ӯро ба навиштани 200 мақолаи дорои мазмуни экстремистӣ тайи солҳои 2013 -2019 муттаҳам донист. Аммо ба гуфтаи наздиконаш рӯзноманигор ин иттиҳомотро напазируфт.
Баъди боздошти Далер Шарифов дар баробари созмонҳои миллӣ, ҳамчунин созмонҳои Дидбони Ҳуқуқи Башар, Афви Байналмилал, Ҳамкории Байналмилалӣ Барои Ҳуқуқи Инсон, Кумитаи Норвегии Ҳелсинки, Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон борҳо аз ҳукумат хостаанд, Далер Шарифовро озод кунад. Ҳатто созмони ҳомии ҳуқуқи Freedom-Now ба як гурӯҳи махсуси Созмони Милали муттаҳид расман муроҷиат кардааст, ки то куҷо қонунӣ будани боздошт ва зиндонӣ кардани Далер Шарифовро таҳқиқ кунад ва хулосаҳояшро бигӯяд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Тарзи интихоб, синну сол ва пули чипта. Ҳамаи шартҳои сафар ба Корея маълум шуд
Freedom Finance Global: Дар Тоҷикистон эътимоди истеъмолкунандагон паст мешавад
Омӯзгор огоҳ карда шуд. Вазорати маориф навори сарзаниши хонандагон аз ҷониби омӯзгорро шарҳ дод
“Рақаму рамзи кортро надиҳед”. Ҳушдори Амонатбонк ба муштариён аз фаъолшавии қаллобон
Таҳқиқот: Дар Тоҷикистон рушди логистика начандон қаноатбахш аст
РМА-и электронӣ чист ва чӣ тавр метавон онро ба даст овард?
Дар Украина “Осори мунтахаб”-и Садриддин Айнӣ бо забони украинӣ нашр шуд
То соли 2050 Осиёи Марказӣ метавонад сеяки пиряхҳои худро аз даст диҳад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Даббоғ ва бӯйи атр”
Тоҷиддин Мардонӣ, шарқшиноси тоҷик ва сафири пешини Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Туркманистон аз олам даргузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста