Ёдгор Файзов, раиси собиқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро аз узвияти Маҷлиси миллӣ берун мекунанд. Ин тасмим имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шудааст.
Ёдгор Файзов ба унвони раиси ВМКБ узви ин шохаи болоии порлмуон ва муовини раиси он аст.
Дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ хабар медиҳад, ки имрӯз ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси маҷлис Рустами Эмомалӣ баргузор шудааст, ки дар он дар баробари масоили дигар, масъалаи "пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз мансаби муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Файзов Ё.Д. баррасӣ шудааст".
Дар хабарномаи Маҷлиси миллӣ дар мавриди ҳузури Ёдгор Файзов дар ин ҷаласа чизе гуфта нашудааст, аммо аз аксҳое, ки аз ҷараёни ҷаласа нашр шудааст, дида мешавад, ки муовинони дигари раиси Маҷлиси миллӣ ҳузур доранд, вале Ёдгор Файзов нест.
Масъалаи берун кардани Ёдгор Файзов аз узвияти ин шохаи порлумон, бино ба иттилои дафтари матбуотии маҷлис, ба "рӯзномаи иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст".
Иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллӣ, фардо, 17-уми декабр баргузор мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Ҳуқуқшинос, муҳандис ва вакили парлумон: Вазири нави меҳнату муҳоҷират кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 феврали соли 2025
Низоми 10-холаи баҳогузорӣ, норасоии кадрӣ, мақоми омӯзгор... Вазири маориф дар нишасти матбуотӣ боз чӣ гуфт?
Моякӯбӣ барои кӣ ва чӣ муҳим аст?
“Ба кушторҳои Конибодом рабт надорад”. Мақомоти Суғд дарёфти ҷасади як зан аз дарёи Сир, ки боиси сару садо шуда буд, шарҳ доданд
Таҳсили ғайриқонунии динии қариб 40 шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷа. Кумитаи дин ду роҳи ҳал пешниҳод мекунад
Чаро зани серфарзанди тоҷикро дар Русия баъди тақдими хона дастгир карданд?
Вазири энергетика 5 шарти расидан ба "истиқлолияти комили энергетикӣ" дар соли 2027-ро гуфт
“Асоси воқеӣ надорад”. Вазири маорифи Тоҷикистон ба вакили Думаи давлатии Русия посух дод
Муаррифии китобҳои насли нав. Аз китобҳои оддӣ чӣ тафовут доранд ва нархашон чанд аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста