Имсол, барои баргузории се озмуни ҷумҳуриявӣ - «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 7 млн 930 ҳазор сомонӣ (ҳудуди $700 ҳазор) сарф мешавад. Дар ин бора амрҳои раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дирӯз, 3 феврал ба имзо расид.
Тавре Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, соли 2022 барои баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Тоҷикистон 2 млн 540 ҳазор сомонӣ ҷудо мешавад.
Ҳамин тариқ, имсол барои баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» аз ҳисоби фонди президенти Тоҷикистон 2 млн 345 ҳазор сомонӣ ва барои баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 3 млн 45 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад.
Гуфта мешавад, ки ин маблағҳо барои ғолибони номинатсияҳо, муаллимоне ки онҳоро барои ширкат дар озмунҳо омода мекунанд, омода кардани ҷоми шоҳҷоизаҳо, дипломҳо, музд ва сафари кории ҳайати ҳакамон ба шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои ҷумҳурӣ ва хароҷоти дигар сарф мешавад.
Ба дастгоҳи иҷроияи президент супориш дода шудааст, ки истифодаи мақсадноки маблағи ҷудошударо таъмин намоянд. Ҳамчунин ба сохторҳои марбута дастур дода шудааст, ки барои дар сатҳи баланд доир гардидани озмунҳо чораҳои зарурӣ андешанд.
Гуфта мешавад, назорати иҷрои амрҳои мазкур ба зиммаи муовинони сарвазири ҷумҳурӣ (сарпарастони соҳа) вогузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2021 Эмомалӣ Раҳмон барои баргузории ин озмунҳо 7 млн 720 ҳазор сомонӣ ҷудо карда буд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Принсипи муомила ба мисл. Тоҷикистон низ раводидро барои шаҳрвандони Эрон пурра лағв кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 феврали соли 2025
Ҳуқуқшинос, муҳандис ва вакили парлумон: Вазири нави меҳнату муҳоҷират кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 феврали соли 2025
Низоми 10-холаи баҳогузорӣ, норасоии кадрӣ, мақоми омӯзгор... Вазири маориф дар нишасти матбуотӣ боз чӣ гуфт?
Моякӯбӣ барои кӣ ва чӣ муҳим аст?
“Ба кушторҳои Конибодом рабт надорад”. Мақомоти Суғд дарёфти ҷасади як зан аз дарёи Сир, ки боиси сару садо шуда буд, шарҳ доданд
Таҳсили ғайриқонунии динии қариб 40 шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷа. Кумитаи дин ду роҳи ҳал пешниҳод мекунад
Чаро зани серфарзанди тоҷикро дар Русия баъди тақдими хона дастгир карданд?
Вазири энергетика 5 шарти расидан ба "истиқлолияти комили энергетикӣ" дар соли 2027-ро гуфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста