Маҷмаи Умумии СММ бо 122 овози “тарафдор” қатънома дар бораи ҳамкорӣ бо Шӯрои Аврупоро, ки дар он ба таҷовузи Русия нисбати Украина ишора шудааст, қабул кард. Қазоқистону Чин ва Туркия аз қатънома ҷонибдорӣ намуданд. Се кишвари Осиёи Марказӣ - Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон аз раъйдиҳӣ ба ин қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ худдорӣ варзиданд.
Қазоқистон ва Чин ба тарафдории қатъномае раъй доданд, ки нисбати Русия дар робита ба таҷовузаш ба Украина лаҳни тунду шадид изҳор шудааст, ҳарчанд қаблан ин кишварҳо маъмулан аз раъйдиҳӣ ба ин гуна аснод худдорӣ мекарданд, менависад Радио Свобода.
Овоздиҳӣ рӯзи 26 апрел барпо шуд. Дар маҷмӯъ, аз қатъномаи «Ҳамкории Созмони Милали Муттаҳид ва Шӯрои Аврупо» 122 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла як қатор давлатҳои дигар, ки онҳоро дӯстони Русия мешуморанд, аз ҷумла Арманистон, Ҳиндустон ва Бразилия ҷонибдорӣ карданд.
Дар ин санад, аз ҷумла, ба “чолишҳои бесобиқае”, ки Аврупо пас аз таҷовузи Русия алайҳи Украина ва пеш аз он алайҳи Гурҷистон, рӯбарӯ шудааст, ишора мешавад. Дар он инчунин даъвати “ҷуброни зиён” ба қурбониёни таҷовуз зикр мешавад.
Панҷ кишвар зидди ин санад овоз доданд. Ба ҷуз Русия, инҳо Беларус, Кореяи Шимолӣ, Никарагуа ва Сурия мебошанд.
Намояндаи Русия зимни баррасии санад изҳор дошт, ки кишвараш аз ин қатънома бо сабаби дар банди муқаддимавӣ зикр шудани Русия пуштибонӣ намекунад. Як дипломати намояндагии доимии Русия дар СММ изҳор дошт, ки "айбномаҳо" дар ин қисми матн ба "мавзӯи қатънома" ҳеҷ иртиботе надошта, ба онҳо ангезаи зиёди сиёсӣ дода шудааст".
Ҷанг дар Украина мавзӯи аслии ин қатънома набуда, аз ин рӯ маълум нест, ки оё раъйи Чин, Қазоқистон ва кишварҳои дигар ба ҷонибдорӣ аз он, гувоҳи тағйири мавқеи онҳо дар робита ба амалҳои Русия дар Украина аст ё на.