Дар доираи сафари Қосим-Жомарт Токаев, раисҷумҳури Қазоқистон ба Тоҷикистон ва мулоқоту музокироти сатҳи олии роҳбарони ду кишвар байни ду давлат 16 санади ҳамкорӣ ба имзо расид, ки муҳимтаринаш “Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон” мебошад.

 

Байни ду кишвар кадом санадҳо ва дар кадом соҳаҳо ба имзо расид?

Эмомалӣ Раҳмон баъди имзои созишномаҳо, дар нишасти хабарӣ гуфтааст, ки “ин санади муҳим, бешубҳа, дар таърихи ҳамкории ду кишвар саҳифаи нав мекушояд ва бовар дорам, ки заминаи мустаҳками шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии мо хоҳад шуд”.

Байни ду кишвар санадҳои зерин ба имзо расидааст:

— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамдигарфаҳмӣ миёни Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи марказии интихоботи Ҷумҳурии Қазоқистон;

— Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва сохтмони Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат;

— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нафту газ миёни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон;

— Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Қазоқистон дар самти рушди инноватсионӣ ва рақамикунонӣ, омода намудан ва бозомӯзии кадрҳои кишоварзӣ;

— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди рақамӣ, инноватсия ва саноати кайҳонии Ҷумҳурии Қазоқистон;

— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Қазоқистон;

— Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва сохтмони Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рушди технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар бахши сохтмон;

— Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи назорат ва бозрасии ветеринарии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи байторӣ;

— Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати сайёҳӣ ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон;

— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия, метрология ва баҳодиҳии мутобиқат миёни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати савдо ва ҳамгироии Ҷумҳурии Қазоқистон

— Ёддошти тафоҳум миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ, гуманитарӣ ва фарҳангӣ;

— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Қазоқистон дар самти иҷрои санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомот;

— Ёддошти ҳамкорӣ миёни КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва ҶС “Ширкати миллии Қазоқистон темир жоли”;

— Ёддошти тафоҳум миёни КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” ва ҶСК “Ширкати миллии атомии “Казатомпром”;

— Ёддошти ҳамкорӣ миёни Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Маҷмааи ҷавонони Қазоқистон.

1/10

 

80% меваю сабзавоти Тоҷикистон ба Қазоқистон содирот мешавад

Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим-Жомарт Токаев дар мулоқоти хосаи худ масоили ҳамкории ду кишвар ва мавзуоти мубрами минтақавию ҷаҳониро баррасӣ кардаанд.

Аз ҷумла, гуфта шудааст, ки ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар дар нимсолаи соли равон дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 20 фоиз афзуда, ду кишвар нақша доранд, ҳаҷми гардиши молро то ба 2 миллиард доллари амрикоӣ расонанд.

“Гуфта шуд, ки дар Тоҷикистон 92 корхонаи муштарак бо ҷалби сармояи Қазоқистон ва дар кишвари дӯст 89 корхона бо иштироки соҳибкорони тоҷик фаъолият дорад. Давоми 5 соли охир ба иқтисоди Тоҷикистон 700 миллион доллари амрикоӣ аз Қазоқистон сармоя ворид гардидааст”, - хабар медиҳад Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки дар бахшҳои кимиё ва маъданҳои кӯҳӣ, азхудкунии конҳои нафту газ, ангишт, коркарди алюминий ва дигар металлҳо ҳамкорӣ кунанд.

Гуфта шуд, ки имрӯз беш аз 80 дарсади содироти меваю сабзавоти Тоҷикистон ба Қазоқистон равона мегардад ва ин раванд дар ҳоли афзоишёбӣ қарор дорад. Аз Қазоқистон ба Тоҷикистон бошад, ба миқдори калон гандум, орд ва дигар маҳсулоти ғалладонагӣ ворид мегардад.

Танҳо дар соли гузашта ҳиссаи ин намуди маҳсулот дар сохтори умумии воридоти Тоҷикистон аз Қазоқистон қариб 40 фоизро ташкил дод.

Дар мулоқот атрофи татбиқи мувофиқаҳои дар соҳаи рақамикунонӣ бадастомада, таъкид гардид, ки соли равон 100 мутахассиси ин бахш аз Тоҷикистон дар марказҳои муосири технологияҳои иттилоотии Қазоқистон ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Гуфта шуд, ки айни ҳол дар муассисаҳои олии таълимии Қазоқистон наздики 400 шаҳрванди Тоҷикистон ва дар кишвари мо 100 донишҷӯ аз Қазоқистон таҳсил мекунанд.

 

Ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар самти ҳукумати электронӣ

Дирӯз, 22-юми август Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим-Жомарт Токаев дар Қасри миллат дар маросими муаррифии лоиҳаи ҳамкорӣ оид ба ҳукумати электронӣ иштирок карданд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки ҷорӣ кардани “Ҳукумати электронӣ” тақозои замон аст ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти талаботи ҷомеа, ба ин раванд таваҷҷуҳи рӯзафзун зоҳир менамояд.

 

1/8

Ифтитоҳи рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон

Шоми дирӯз ҳамчунин, сарони ду давлат дар консерти ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон дар Кохи Борбар ширкат карданд.

Дар барномаи консертии санъаткорони Қазоқистон  ширкат ва ҳунарнамоӣ карданд.

Гуфта мешавад, ки дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд барномаҳои консертӣ, намоишгоҳи ҳунармандон, намоиши аксу мусаввараҳо ва рӯзҳои синамои Қазоқистон баргузор мешаванд.

Ҳамчунин 21 август дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи устод Абулқосим Фирдавсӣ бо иштироки вазирони фарҳанги ду кишвар нимпайкараи шоир ва мутафаккири қазоқ Абай Кунанбаев кушода шуд.

Сафари президенти Қазоқистон дар Тоҷикистон имрӯз ҳам идома меёбад ва интизор аст, ки ӯ бо дигар шахсони расмӣ дидору мулоқот кунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.