Дар ҳошияи Конфронси сеюми СММ оид ба Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ рӯзи 5 август дар шаҳри Аваз (Туркманистон) президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов дидору гуфтушунид кард.
Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки Тоҷикистон ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳо бо Туркманистон аҳамияти доимӣ медиҳад.
Ба масъалаи густариши ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, нафту газ ва нақлиёту коммуникатсия таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, ҳамчунин, пешниҳод гардид, ки барои рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ имкониятҳои Комиссияи байниҳукуматӣ фаъол истифода карда шаванд.
Гуфта мешавад, дастгирии фаъоли муколамаи сиёсии байнидавлатӣ ва тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ таъкид гардида, барои афзоиши ҳаҷми тиҷорат пешниҳод гардид, ки ду ҷониб “Харитаи роҳ”-ро барои солҳои 2026-2028 таҳия ва амалӣ намоянд.
Ҷонибҳо зикр карданд, ки ба роҳ мондани парвозҳои доимӣ миёни пойтахтҳо ҳамчун масъалаи муҳим боқӣ мемонад. Густариши робитаҳо дар бахшҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш аз мавзуоти дигари суҳбат буд.
Вобаста ба робитаҳои байналмилалию минтақавӣ тарафҳо аз таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар доираи СММ ва ниҳодҳои он, ИДМ ва Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ҷонибдорӣ карданд.
Рӯзи 5 август Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи сарони давлатҳои иштирокдори Конфронс дар шаҳри Аваз аз намоишгоҳи молҳои саноатӣ, кишоварзӣ, таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон боздид намуд.
Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар намоишгоҳ гӯшаи Тоҷикистон бо маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ, кишоварзӣ, таъомҳои миллӣ ва маснуоти ҳунарҳои мардумӣ амал мекард. Аснои шиносоӣ бо гӯшаи таомҳои миллӣ дар намоишгоҳи Тоҷикистон сарони давлатҳо ба маҳорати баланди ошпазҳо ва ба маҳсулоти дастранҷи деҳқонони тоҷик баҳои сазовор доданд.
Дар гӯшаи молҳои саноатӣ маҳсулоти дӯзандагӣ, саноати сабук, заргарӣ, алюминӣ, обҳои рангаи ташнашикан, маҳсулоти рангуборкунӣ, сангҳои ороишӣ ва ғайра муаррифӣ карда шуд.
Баъди боздид аз намоишгоҳ сарони давлатҳо дар барномаи фарҳангии аҳли ҳунари кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ширкат варзиданд. Дар ин чорабинӣ Тоҷикистонро бо барномаи ҷолиби консертӣ устодони санъати тоҷик, овозхонон, мутрибон ва раққосаҳои хушхироми ансамблҳои кишвар муаррифӣ намуданд.




Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза - “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд
“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Гули Зардро имрӯз ба хок месупоранд. Ӯ кист ва чӣ корнома дорад?
Голи Парвиз Умарбоев беҳтарин голи сол дар “Локомотив” эътироф шуд
Чӣ гуна худро аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт эмин нигоҳ дорем?
Дар як сол 67 рӯзноманигор кушта шудаанд. "Рӯзноманигорони бидуни марз" ҳукуматҳоро ба ҳимоя даъват мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста