Хуҷанд. 12-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Директори корхонаи хоҷагию манзилии вилояти Суғд Носир Акмалов ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки хадамоти коммуналии вилояти Хуҷанд ба баргузории маъракаи барӯйхатгирии соли 2010 омодагӣ мегиранд ва бо ин мақсад лавҳаҳои рақам ва номи кӯчаву хиёбон ва хонаҳоро иваз мекунанд.
«То 1-уми июл мо дар 1 ҳазору 527 кӯчаҳои шаҳру навоҳии вилоят лавҳаҳои нав гузошта, 55 ҳазору 253 хонаҳои истиқоматиро рақамгузорӣ намудем, - гуфт ӯ. - Дар шаҳри Хуҷанд дар 24 кӯчаҳо лавҳаҳои нави оҳанӣ гузошта шуданд». Ӯ афзуд, ки аз ҳама бештар (439 кӯча ва 13 ҳазору 249 хонаҳои истиқоматӣ)
дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров номи кӯчаву рақами хонаҳо нав карда шуданд. Корҳо аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ва қисман корхона ба иҷро расиданд.
Мавсуф зикр кард, ки аксари лавҳаҳо ҳангоми ба қаламрави вилоят ворид гаштани гурӯҳи М.Худойбердиев канда шуда буданд, то барои онҳо дар ошкор сохтани нишониву макон мушкил эҷод созанд, вале акнун ин лавҳаҳо ба масъулони баргузории барӯйхатгирии аҳолӣ роҳнамои хубе хоҳанд шуд.
Фарҳод Раҳимӣ: “Як қисми заминҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргардонида шуд”
Ҳунарпешагони тоҷик дар филми “Рустаму Сӯҳроб” дар Эрон нақш меофаранд
“Ба таври таҷрибавӣ санҷида шуд”. Барномаи “Ислоҳнигорӣ” кай фаъол мешавад?
Сабти филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” баъди Наврӯз оғоз мегардад
Парвандаи роҳбари ширкати "Арса", ки ба фиреби хоҳишмандони кор дар Британия гумонзад аст, ба додгоҳ ирсол шудааст
“Интернети босуръат ва арзон”. Сокинон аз раиси нави Хадамоти алоқа чӣ интизорӣ доранд?
Маҳсулоти бесифат, воридоти равғани нахл, мораторий. Дар нишасти хабарии “Тоҷикстандарт” боз чӣ гуфтанд?
Юсуф Раҳмон вазифаи нав гирифт
Раиси Бобоҷон Ғафуров шикояти волидайн дар бораи харидории пойафзор аз як корхонаро шарҳ дод
Рустами Эмомалӣ супориш дод, ки дар ВМКБ Академияи футбол бунёд шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста