Имрӯз дар Душанбе иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (МММО ҶТ) ба кор шурӯъ кард. Иҷлосияи мазкур бо фармони президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз 8-уми июн даъват шуд.

Бино ба иттилои қаблии сомонаи расмии сарвари давлат, дар иҷлосия Қонунҳои ҶТ «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии ҶТ», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», Қонун «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» баррасӣ мешаванд.

Ба ҳар ҳол, коршиносон ва шореҳони сиёсӣ аз иҷлосияи имрӯза чизи бештареро интизоранд, зеро бар ин назаранд, ки ҳеҷ кадоме аз қонунҳои пешниҳодшуда тасдиқи таъҷилӣ аз ҷониби палати болоии парлумонро тақозо надорад.