Рӯзи 25-уми сентябр нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов дар бинои қароргоҳи СММ дар Манхеттен дар доираи кори иҷлосияи 68-уми Маҷмаъи кулли СММ ба муносибати Соли байнулмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об як зиёфати субҳона орост.

Тавре аз намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ хабар доданд, зимни суханронии шодбошӣ дар ин зиёфат намояндаи домии Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддин Аслов ба ҳозирин дар бораи натиҷаҳои Конфронси байнулмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба ҳамкорӣ дар соҳаи об (20-21-уми август, Душанбе) мухтасар маълумот дод.

Аслов таъкид намуд, ки дар кори конфронс намояндагони беш аз 100 давлат ва 60 созмони байнулмилаливу ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ ширкат варзида, ҳадаф аз ин чорабинӣ мусоидат ба муколама ва ба даст овардани ҳусни тафоҳум, ҳамчунин таҳкими муносибатҳои шарикона ва ҳамкорӣ миёни кишварҳои манфиатдор дар тамоми сатҳҳо оид ба масоили захоири обӣ маҳсуб меёфт.

Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ ба Оқилов нахуствазири Ҷумҳурии Фиҷи Ворене Бинимарам, Дабири кулли Созмони ҷаҳонии метереологӣ Мишел Ҷарро ва директори Дафтари минтақавии Барномаи рушди СММ дар Аврупо ва ИДМ Сихан Султоноғлуро муаррифӣ кард.

Нахуствазири Тоҷикистон зимни зиёфат зикр кард, ки соли 2013 ба охир нарасида, оид ба натиҷаҳои Соли байнулмилалии об ҳанӯз ба хулоссе расидан барвақт аст. Ӯ таъкид дошт, ки тамоми чорабиниҳои тарҳрезишуда аз ҷониби СММ дар ин робита муваффақона доир гардида, бисёре аз кишварҳои манфиатдор дар ин масъала конфронсу дигар чорабиниҳои сатҳи ҷаҳониву минтақавӣ доир намуданд, ки дар таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи об саҳми назаррас гузоштанд.

Дар дигар суханрониҳои кӯтоҳи ҳозирин низ таъкид гардид, ки об бояд як воситаи пайвандгар ва омили таҳкими робитаҳои байнулмилалӣ бошад ва ҳеҷ гоҳ набояд ба сабаби низоъу афзоиши ташаннуҷ мубаддал гардад.