Бо мақсади риояи усули ҷойивазкунӣ ва таъмини раҳбарии муттасил ва фаврӣ ба фаъолияти Ситоди муттаҳидаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), дар ҷаласаи рӯзи 15 сентябр дар Душанбе Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД ба вазифаи сардори Ситоди муттаҳидаи СААД генерал-полковник Анатолий Сидоровро таъин намуд, ки ба артиши Ҳавзаи низомии Ғарбии Русия фармондеҳӣ мекард. Генерал-лейтенант Александр Студеникин, ки соли 2012 ба муҳлати се сол ба ин вазифа таъин шуда буд, аз мансабаш озод карда шуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти СААД, дар ҳамоиши душанбегии Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ масъала дар бораи Дабири кулли СААД баррасӣ шуда, дар ин робита сарони кишварҳо дастур додаанд, ки то моҳи декабри соли 2015 санаде таҳия гардад, ки дар он таъини Дабири кулии СААД бар асоси ҷойивазкунӣ пешбинӣ шавад.

Дар ҳамоиши Душанбе қарор шуд, ки иҷлосияи минбаъдаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД нимаи дуюми соли 2016 дар шаҳри Ереван баргузор мешавад.