Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода бо Сардори шуъбаи департаменти Осиёи Марказӣ ва Аврупои шарқии вазорати корҳои хориҷии Британияи Кабир Ҳелен Волкер дидору гуфтугӯ анҷом дод.
Бино ба иттилои сомонаи расмии МНМО ҶТ , раиси кумитаи палатаи поёнии парлумон изҳор дошт, ки Тоҷикистон ва Британияи Кабир муносиботи зиёда аз 20-солаи дипломатӣ дошта, дар ин муддат равобити ду кишвар дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудаааст ва чандин шартнома ва созишномаҳои ҳамкорӣ байни ду кишвар ба имзо расидаанд.
Олимҷон Салимзода таъкид кард, ки густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Британия метавонад омили муҳиме ҷиҳати таҳкими равобити Душанбе ва Лондон дар соҳаҳои мухталиф гардида, миёни Тоҷикистону Британияи Кабир ҳоло имкониятҳои истифода нашуда хеле зиёд аст ваДушанбе метавонад бо Лондон, пеш аз ҳама, дар таъсиси корхонаҳои гуноугни муштарак ва дигар соҳаҳо ҳамкориҳои мутақобиланд судмандро барои ҳарду ҷониб ба роҳ монад.
Сардори шуъбаи департаменти Осиёи Марказӣ ва Аврупои шарқиии вазорати корҳои хориҷии Англия Ҳелен Волкер дар навбати худ иброз дошт, ки ҳамчун дипломат ва намояндаи кишвараш аз тамоми имконот барои боз ҳам тақвият ёфтани равобити дуҷонибаи Лондон ва Душанбе истифода хоҳад кард.
«Британияи Кабир ҳамеша омода аст, ки бо Тоҷикистон дар тамоми заминаҳо ҳамкориҳои густурда дошта бошад. Мо ҳамеша аз мавқеи Тоҷикистон дар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ҷонибдорӣ намуда, хостори пешрафту шукуфоии ҳамаи соҳаҳои ин кишвар ва баланд гардидани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ ҳастем», - гуфтааст Ҳелен Волкер.
“Агар мактаб мебуд...” Баъди марги Таронаи 9-сола дар Бӯстон мактаб сохта мешавад?
Дар Кувайт рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор шуд
Савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон рӯ ба беҳбудӣ меорад
Аввалин мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта поён ёфт
Филми ҳунарии “Дар талоши ҳақиқат”-и коргардони тоҷик дар синамоҷашнвораи байналмилалӣ ҷоиза гирифт
Дар Боздоштгоҳ ва паси дарҳои баста. Оғози мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта дар Тоҷикистон
Ҳалокати се коргар дар сохтмони НБО “Роғун”
Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи Непал бо ҳисоби 4:0
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хиёнати ҳамсари сӯфӣ”
Боздошти ду корманди Коммисариати ҳарбии Исфара бо гумони гирифтани пора
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста