Ба рӯзномаи ҷаласаи якуми иҷлосияи дуюми Маҷлиси намуояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати шашум, ки пас аз таътили семоҳа имрӯз ба кор шурӯъ мекунад, масъалаи пайвастани Тоҷикистон ба Конвенсияи байнулмилалӣ оид ба соддакунӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ ворид карда шуд.

Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҷаласа масоили марбут ба тасдиқи созишномаҳои грантӣ миёни ҳукумат ва Агентии рушди байнулмилалии Ҷопон аз рӯи лоиҳаи «Беҳбуди Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе», миёни Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) оид ба ҷудо шудани гранти сармоягузорӣ аз Фонди махсуси саҳмиявии ин бонк барои амалисозии лоиҳаи «Рушди ҳолати роҳҳои автомобилгард», созишномаи қарзи миёни Тоҷикистон ва БАТР аз рӯи лоиҳаи беҳбуди ҳолати роҳи мошингарди Душанбе - марзи Ӯзбекистон баррасӣ мешаванд.

Ба гуфтаи ӯ, вакилони парлумон ҳамчунин масъалаи тасдиқи Созишномаи маблағгузорӣ миёни Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд аз рӯи лоиҳаи «Рушди мухобироти роҳҳо дар Осиёи Марказӣ»-ро низ баррасӣ мекунанд.