Мувофиқи фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, моҳи сентябр музди меҳнати зиёдшударо танҳо кормандони Раёсати Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ ва муассисаҳои тобеи он мегиранд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он, 20 сентябр фармони президенти ҷумҳурӣ «Дар бораи зиёд намудани андозаи маоши амалкунандаи вазифавии кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он» ба тасвиб расид.
Гуфта мешавад, дар асоси фармони мазкур андозаи зиёдшавии музди маоши амалкунандаи кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он ба ҳисоби миёна 28 фоизро ташкил медиҳад.
Зикр мегардад, ки андозаи маоши амалкунандаи вазифавии кормандони раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он аз 1 сентябри соли 2021 зиёд карда мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Марги як нафар дар пайи сӯхтори мошини бензинкаш
Теъдоди рекордии мусофирон дар аввалин қатораи Кӯлоб-Волгоград
Семён Григорев - сафири нави Русия дар Тоҷикистон
Нигаронии Русия дар мавриди ба Украина интиқол ёфтани чархболҳои аз Афғонистон рабудашуда
Тоҷирони Хатлон ва Сурхондарё ба маблағи 26,6 млн доллар созишномаҳо имзо карданд
Шумори қурбониёни таркиш дар бозори Ереван ба 16 нафар расид
Аз ҳисоби “андоз аз Google” Тоҷикистон аллакай беш аз 3,5 млн сомонӣ гирифт
Дар Ӯзбекистон нусхаи дастнависи Қуръони каримро дуздиданд
Дар Конибодом наворбардории силсилафилми “Хона” ҷараён дорад
Ҳалокати модару 2 кӯдакаш бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи Душанбе - Ҳисор
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста