Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон ташриф овард.
Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Балҷувон нахуст бинои нави маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро мавриди истифода қарор дод.
Бино аз се ошёна иборат буда, бо тарҳи муосир дар масоҳати 1841 метри мураббаъ сохта шудааст. Тамоми ҳуҷраҳои кории бинои нав бо дастгоҳу таҷҳизоти корӣ таъмин буда, барои фаъолияти пурсамари кормандон бисёр созгор аст.
Дар идома бо иштироки сарвари давлат маросими ба истифода додани бинои филиали №75 БДА “Амонатбонк” баргузор шуд, ки ба зиёда аз 2 ҳазору 230 нафақахӯр ва 78 муассисаҳои давлатии ноҳия хизматрасонӣ хоҳад кард.
Инчунин Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Балҷувон ба корҳои сохтмонии 2 бинои истиқоматии панҷошёна оғоз бахшид. Дар биноҳои бунёдшаванда 50 хонаи истиқоматии барҳаво, аз ҷумла 10 хонаи 1 ва 40 хонаи 2 ҳуҷрадор ҷойгир карда мешавад.
Гуфта мешавад, мутобиқи нақша оянда дар ин ҷо боз як бинои дигари 5 ошёнаи истиқоматии хизматӣ сохта мешавад.
Дар идомаи сафари корӣ президент дар маркази ноҳия майдони Парчам ва Нишони давлатии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Баландии пояи Нишони давлатӣ 21,5 метр, сутунпояи Парчами давлатӣ - 35 метрро ташкил дода, матои Парчам 14 метр дарозӣ ва 7 метр паҳноӣ дорад.
Сипас сарвари давлат Варзишгоҳи марказии ноҳияро бо 6 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода дода, дар барномаи рангини фарҳангӣ иштирок кард. Масоҳати он 3,68 гектар ва майдони умумии зери иншоот - 1446 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Баъди ба истифода додани варзишгоҳи марказии ноҳияи Балҷувон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаълони ноҳия мулоқот карда, ифтитоҳи варзишгоҳро туҳфаи арзишманд барои сокинони ноҳия маънидод кард.
Зимни суханронӣ дар мулоқот зикр шуд, ки сокинони заҳматқарини ноҳия ба ифтихори ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолият то ба имрӯз 380 иншооти гуногуни истеҳсоливу иҷтимоиро бунёду азнавсозӣ кардаанд ва дар даҳҳо иншооти дигар корҳои бунёдкориву азнавсозӣ идома доранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Идомаи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи Рашт. Аз ифтитоҳи чанд бино то нигаронӣ аз вазъи маорифу тандурустӣ
Зиндагии маъмулӣ пас аз зиндон. Маҳбусони собиқ чӣ гуна ба он бармегарданд?
Ғалабаҳои аввалини намояндагони Тоҷикистон дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот-2024
Президент гуфт, мукофотпулии озмунҳо 100% зиёд шавад. Маблағи озмунҳои ҷумҳуриявӣ чӣ қадар мешавад?
Душанбе чемпионати ҷудои ҷаҳон байни наврасонро пазироӣ мекунад
Қариб 600 нафарро дар Суғд барои ифлос кардани ҳаво ҷазо додаанд
Дар Истаравшан аввалин Фестивали байналмилалии ҳунармандӣ “Озар” мегузарад
Ҳамла бо корд ба муфтии Тоҷикистон дар назди масҷиди марказии Душанбе
Чаро мардон бештар худкушӣ мекунанд?
Хонаҳои нав ба осебдидагони офатҳои табиӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Сангвор ва Нуробод кадом иншоотро ифтитоҳ кард?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста