Сафари президенти Тоҷикистон ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома ёфта, сарвари давлат имрӯз дар маросими ифтитоҳи ду корхонаи саноатӣ иштирок кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат.
Нахуст президент ба шаҳри Бӯстон ташриф оварда, ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли халтаҳои калонҳаҷм дар ҶДММ “Суғдпак” оғоз бахшид. Корхонаи нави “Суғдпак” аз коргоҳи бофандагию дӯзандагӣ иборат буда, марҳилаи сеюми истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ маҳсуб меёбад.
Сипас сарвари давлат ба шаҳри Хуҷанд раҳсипор шуд. Дар фурудгоҳи шаҳр Эмомалӣ Раҳмонро бо консерт пешвоз гирифтанд.
Дар идома дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон корхонаи асфалтбарории ҶДММ “Муассисаи корҳои механикакунонидашудаи Сомонӣ” мавриди баҳрабардорӣ гирифт.
Он дар мавзеи Рухаки ҷамоати Ғозиён аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҷамшед Наимов сохта шудааст. Барои сохтмон ва насби таҷҳизоту технологияи муосир дар ин корхона ӯ беш аз 3 млн сомонӣ маблағгузорӣ кардааст.
Коргарони ширкат нақша доранд, ки дар ояндаи наздик хатти нави коркарди регу шағалро мавриди истифода қарор диҳанд. Корхонаи асфалтбарорӣ иқтидор дорад, ки дар як соат 120 тонна асфалти хушсифат истеҳсол намояд.
Бо мақсади саҳм гузоштан дар рушди соҳаи саноат то соли 2026 дар вилояти Суғд бунёди беш аз 700 корхонаи хурду бузурги саноатӣ ба нақша гирифта шуда, соли равон 145 корхона ба истифода дода мешавад, ки аз ин шумора 20 корхона ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рост меояд. Дар семоҳаи аввали соли 2022 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 7 корхона ва хатҳои нави истеҳсолӣ ба фаъолият шуруъ намуд. Дар вилояти Суғд 14 корхонаи асфалтбарорӣ фаъолият доранд.
Дар деҳоти Ғозиёни ноҳия президент хати оби полезӣ ва бунёди боғи интенсивии хоҷагии деҳқонии «Сомонӣ»-ро ифтитоҳ кард. Боғи интенсивӣ дар масоҳати 13 гектар бунёд карда шудааст.
Барои обёрии боғ бо усули қатрагӣ дар масофаи 800 метр қубурҳои қутрашон 75 миллиметра хобонда шудааст. Дар масоҳати 11 гектар ниҳоли бодом ва дар боқимонда замин ниҳоли зардолу, ки аз хоҷагиҳои ниҳолпарварии ватанӣ дастрас гардидааст, бо тавсияи мутахассисони соҳа шинонида шудааст.
Суратҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста