Давоми моҳҳои январ-июни соли 2024 суръати рушди иқтисоди Тоҷикистон дар сатҳи 8,2 фоиз таъмин шуда, ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба 61,7 млрд сомонӣ баробар шуд. Дар ин бора дар маҷлиси ҳукумат оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар нимсолаи якуми соли 2024 хабар дода шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ тамоюли мусбати рушди иқтисоди миллӣ нигоҳ дошта шуда, раванди афзоиши ҳаҷми истеҳсолот дар аксар соҳаҳои воқеии иқтисоди миллӣ идома ёфт.
Гуфта мешавад, рушди иқтисоди миллӣ дар ин давра асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 11,5, кишоварзӣ - 9,6, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ - 15,7, гардиши савдо - 11,9, хизматрасонии пулакӣ - 16,6, боркашонӣ - 13,8, мусофиркашонӣ - 9 ва гардиши савдои хориҷӣ - 29,3, аз ҷумла содирот - 47,1 фоиз таъмин гардид.
Президенти мамлакат таъкид дошт, ки сатҳи таваррум дар ин давра 1,9 фоизро ташкил дод.
Нақшаи даромади буҷети давлатӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2024 дар сатҳи 107,9 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 21,2 млрд сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 1,5 млрд сомонӣ зиёд аст.
Дар доираи чорабиниҳо дар нимсолаи дуюм ҳукумати мамлакат вазифадор шуд, ки якҷо бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мушкилоту монеаҳои мавҷударо бартараф карда, тибқи супоришҳои қаблӣ тавассути татбиқи самараноки стратегияву барномаҳои қабулгардида суръати рушди иқтисоди кишварро дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин ва нақшаҳои пешбинишударо босифат ва сари вақт иҷро намоянд.
Зарур шумурда шуд, ки то охири соли ҷорӣ ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», рақамикунонии раванди пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ ва вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои гайринақдӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад.
Вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати ба таври қатъӣ ба роҳ мондани қабули пардохтҳо ба тариқи ғайринақдӣ барои хизматрасониҳои давлатӣ, бахусус, дар муассисаҳои тиббӣ, маориф, хоҷагии манзилию коммуналӣ, ҳифзи муҳити зист ва сохторҳои он, бахшҳои сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ ва идораҳои нотариалии давлатии шаҳру ноҳияҳо барои андешидани тадбирҳо вазифадор шуданд.
Президенти кишвар ба вазоратҳои марбута, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва корхонаҳои давлатӣ ҷиҳати иҷрои сифатнок ва пурраи қисми даромади буҷети давлатӣ дар соли 2024 супоришҳои мушаххас доданд.
Дастур дода шуд, ки бо мақсади дарёфти манбаъҳои нави даромад ба буҷети давлатӣ, инчунин, коҳиш додани бақияпулиҳои андоз ва пешгирӣ кардани пайдоиши бақияпулиҳои нав тадбирҳои муассир андешида шавад.
Ҳамчунин ҷиҳати васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ, зиёд намудани майдони гармхонаҳои доимоамалкунанда, сохтмони сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулот ва таъмини мунтазами аҳолӣ бо маҳсулоти тару тоза, баланд бардоштани ҳосилхезии замин ва ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва рақамикунонии соҳа дастур супоришҳо дода шуд.
Супориш дода шуд, ки идораҳои дахлдор барои татбиқи саривақтиву босифати лоиҳаҳои кам кардани талафоти неруи барқ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар чораҳои мушаххас андешанд.
Зарур шумурда шуд, ки ҷорӣ намудани низоми биллинги, баҳисобгирии пурраи истифодабарандагони неруи барқ ва якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сари вақт аз аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳо ҷамъоварӣ кардани маблағ таъмин карда шавад.
Аъзои ҳукумат лоиҳаҳои қонунҳо ҶТ “Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мадании ҶТ” ва “Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни ҶТ “Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ”-ро муҳокима ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ирсол карданд.
Ғайр аз ин, Нақшаи амали Стратегияи ҳифзи молиявӣ аз офатҳои табиӣ дар ҶТ барои давраи то соли 2037 барои солҳои 2024-2026, масъалаҳои Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ва таъсиси ҶДММ “Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар шаҳри Душанбе” баррасӣ карда шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Кумитаи бехатарии озуқаворӣ сабаби манъи воридоти чорво ва баъзе маҳсулоти чорводориро аз Тоҷикистон ба Русия шарҳ дод
“Иқлими номусоид ва фиреби соҳибкорон”: Раиси Мастчоҳ ду сабаби иҷро нашуднии нақшаи ҷамъоварии пахтаро гуфт
Бонки олмонӣ ба Тоҷикистон дар таъмиру навсозии беморхонаҳо кумак мекунад
Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон гуфт, соли равон ба чанд кишвари дигар хатсайрҳои нав боз мекунад
Поёни баҳси даҳсола. "Tajik Air" ба ширкати “SkyRoad Leasing”-и Литва $2 млн пардохт мекунад
Қитъаи роҳи Қалъаи Хумб то Рӯшон "як сол пеш аз муҳлат" ба истифода дода мешавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ошиқи ҳуфта ва танбеҳи маъшуқ”
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар дохил зиёд шуда, воридоти он ҳам афзудааст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 январи соли 2025
Эрон раводидро пурра лағв кардааст. Акнун навбати Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста