То 1 июли соли ҷорӣ маблағи қарз андоз дар Тоҷикистон ҳудуди 1,2 млрд сомонӣ (зиёда аз 113 млн доллар)-ро ташкил дода, аз оғози сол 392,5 млн сомонӣ зиёд шудааст. Дар ин бора ба рӯзноманигорон раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ Нусратулло Давлатзода хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар нимсолаи аввали соли 2024 Кумитаи андоз 10,5 ҳазор ҳолатҳои қонуншиканӣ дар пардохти андозро ошкор карда, маблағи умумии ҷаримаҳо 188 млн сомониро ташкил додааст.
Сабабҳои афзоши қарзҳо саривақт пардохт нашудани фоизҳо барои риоя накардани муҳлати пардохти андозҳо, ҳамасола зиёд шудани қарзи корхонаҳои давдатӣ ва дигар омилҳо унвон шуданд.
Давлатзода калонтарин қарздорон аз пардохти андозро номбар кард, ки аз нисфи зиёди қарз ба онҳо рост меояд. Инҳо корхонаҳои зерин мебошанд:
- ҶСК «НБО Сангтӯда-1» – 220 млн сомонӣ;
- ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» – 189 млн сомонӣ;
- корхонаҳои зертобеъи Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ – 96 млн сомонӣ;
- ширкати «ТАЛКО Ресурс» – 78 млн сомонӣ;
- корхонаҳои зертобеъи КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ» – 76 млн сомонӣ;
- кони ангишти «Зидди» – 22 млн сомонӣ;
- ҶСК «Алюминсохтмон» – 20 млн сомонӣ.
Тибқи маълумоти Кумитаи андоз, имсол дар мавриди маҷбурӣ ситонидани андозҳо ба маблағи 740 млн сомонӣ нисбати қарздорон қарорҳо қабул шудаанд.
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар дохил зиёд шуда, лекин воридоти он ҳам афзуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 январи соли 2025
Эрон раводидро пурра лағв кардааст. Акнун навбати Тоҷикистон
Идомаи тағийроти кадрӣ. Раисони чанд шаҳру навоҳӣ ва муовини якуми Рустами Эмомалӣ иваз шуданд
Дарвозаҳои электронӣ дар фурудгоҳи Душанбе аз 15 марти соли 2025 ба кор медароянд
Дар кадом кишвари Осиёи Марказӣ ҳаҷми маош аз ҳама баландтар аст?
То 300 нафар дар як ҳафта. Баъди ҳодисаи “Крокус” бозгашти муҳоҷирон тавассути фурудгоҳи Кӯлоб зиёд шудааст
Ширкати “Сомон Эйр” хатсайри Душанбе - Лондонро роҳандозӣ мекунад
Азим Иброҳим ҳадафи таъсиси Фонди роҳро дар Тоҷикистон шарҳ дод
Вазири нақлиёт гуфт, дар бораи оғози сохтмони метро дар Душанбе “сухан гуфтан ҳанӯз барвақт аст”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста