Душанбе. 16-уми август. «Азия-Плюс» — | Ахири ҳафтаи гузашта зимни баргузории амалиёти махсус дар марзи Тоҷикистону Афғонистон кормандони шӯъбаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири РКД-и минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 36 кило маводи мухаддирро мусодира намуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар деҳаи наздимарзии Сари Чашмаи ноҳияи Шӯрообод ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрванди Афғонистон боздошт гардида, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ ба миқдори 1 кило маводи нашъаовари ҳашиш ва 35 кило бангдона дарёфт ва мусодира карда шудааст.
«Аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, корҳои тафтишотӣ буода мешаванд», - гуфтанд дар ВКД.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, соли равон аз ҷониби кормандони тамоми воҳидҳои милисаи ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ ҳудуди 1,5 тонна маводи мухаддир мусодира карда шудааст.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 январи соли 2025
Ба зоирон ҳам дахл дорад. Як талаби ҳатмии Арабистон аз мусофироне, ки ба ин кишвар мераванд
Боздошти як ҷавон бо иттиҳоми куштори холааш дар Душанбе
“Баҳси раводид ҳал шуд”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Эрон пурра лағв гардид?
CPJ Тоҷикистонро барои саркӯби рӯзноманигорон танқид кард
Ҳалокати 5 кас дар пайи офатҳои табиии соли гузашта дар шимоли Тоҷикистон
Истеҳсолкунандаи 10 дарсад барқи Тоҷикистон. Аз мавриди истифода қарор гирифтани НБО “Сангтӯда-1” 17 сол пур шуд
Кор дар Литва. Киҳо метавонанд муроҷиат кунанд ва маош чӣ қадар аст?
“Тафсир”: Бозгашт ба “рӯйхати сиёҳ”-и Русия. Баъд аз 5-уми феврал барои муҳоҷирон чӣ тағйир меёбад?
Парвози нахустини хатсайри Душанбе-Панҷакент-Душанбе боз ба таъхир афтод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста