Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кен Гросс ва Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов Ислоҳоти №11 ба Созишномаи байни Ҳукуматҳои Иёлоти Муттаҳида ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи назорати маводи мухаддир ва ҳифзи ҳуқуқро ба имзо расониданд.
Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳукумати ИМА тавассути пешниходи барномаҳои омӯзишӣ, таҷҳизот, инфрасохтор ва коршиносӣ барои тақвияти амнияти марзҳо, ҳифзи ҳуқуқ ва волоияти қонун дар Тоҷикистон беш аз 7 миллион доллари ИМА таъмин мекунад.
Кӯмаки мазкур ба иҷроиши раванди ислоҳоти милиса ва татбиқи Стратегияи миллии марзбонии Ҳукумати Тоҷикистон мусоидат мекунад. Он инчунин аз кӯшишҳои Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон пуштибонӣ мекунад ва барои муассисаҳои соҳаи адлияи кишвар омӯзиш доир менамояд ва кӯмаки ташкилотӣ мерасонад. Бо кӯмаки созмонҳои ғайриҳукуматии маҳалливу байналмиллалӣ он дастгирии кӯшишҳои Тоҷикистонро ҷиҳати мубориза алайҳи хариду фурӯши одамон идома медиҳад.
Ҳукумати ИМА омодааст мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои соҳаи адлияро дастгирӣ намояд ва мунтазири давомдиҳии ҳамкории зич баҳри татбиқи лоиҳаҳои муштараки оянда мебошад. Бо кӯмаки мазкур Барномаи Сафорати ИМА оид ба назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ба мардуми Тоҷикистон аз соли 2003 барои дастгирии соҳаҳои амният ва адлия беш аз 41 миллион доллари ИМА таъмин намуд.




Кадом беморон беҳтар аст, рӯза надоранд ва ҳангоми рӯзадорӣ кадом маризиҳо метавонанд хурӯҷ кунанд?
Иштироки омӯзгорони 4 донишгоҳи Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Тошканд
Аз ҳамла ба киштии "Дена"-и Эрон дар уқёнуси Ҳинд то мавҷи нави ҳамлаҳо ба Эрону Исроил ва пойгоҳҳои Амрико
Расонаҳои Русия мегӯянд, ҳукми гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 12-уми март дар ҳузури расонаҳо эълон мешавад
Соли гузашта дар кадом минтақаи озоди иқтисодии кишвар чӣ қадар маҳсулот истеҳсол шудааст?
Сокинони кишвар дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Беш аз 200 кас аз Эрон ва зиёда аз 110 кас аз Иморот ба Ватан омаданд. Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз Ховари Миёна бармегардонад
Дар пайи садамае дар Душанбе се ҷавони 25-сола ҷон бохтааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 40
Низои маҳдуд, шиддатгирии вазъ ва бесуботии дохилӣ дар Эрон. Се гузинаи таъсири ҷанг дар Эрон ба Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста