Аз замони фирори 25 нафар маҳбусон аз тавқифгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Душанбе як сол сипарӣ шуд.
Маҳбусон чанде аз посбонони тавқифгоҳро кушта, ба озодӣ баромаданд. Миёни онҳо 14 нафар шахрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла чеҳраҳои маъруфе аз қабили бародари собиқ фармондеҳи Гвардияи миллӣ Ғаффор Мирзоев – Абдурасул Мирзоев, ду нафар хеши наздики собиқ раиси КҲФ ва МГ Мирзо Зиёев, собиқ маҳбуси зиндони Гуантанамо Иброҳим Насриддинов ва 11 нафар табааи хориҷӣ – шаҳрвандони Русия, Афғонистон ва Ӯзбекистон ҳузур доштанд.
Дарҳол пас аз фирори маҳбусон таҳти сарварии вазири умури дохилии ҷумҳурӣ ситоди фаврӣ тасъсис ёфта, муддати тамоми сол кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пайи ҷустуҷӯйи онҳо мунтазам амалиёт мегузарониданд. Дар ҷараёни амалиёт 24 нафар маҳбусӣ фирорӣ боздошт ё кушта шуданд. Мутаассифона, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ аз талафот эмин намонданд.
Айни замон як тан аз маҳбусони фирорӣ – хешованди Мирзо Зиёев – Аъзамшои 42-сола, ки бештар бо лақаби «Аъзами Панҷара» маъруф аст, дар озодӣ қарор дорад. Ӯ ба иттиҳоми иштирок дар гурӯҳи ҷиноятпеша, зӯран ғасб намудани ҳокимият, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани аслиҳа ва ғайра маҳкум шуда буд.
«Мо дар бораи макони тахминии будубоши Аъзамшо Зиёев маълумот дорем ва андешидани чораҳо ҷиҳати боздошти ӯ идома доранд», - гуфт ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти ВКД Маҳмадулло Асадуллоев.
Дар иттилоияи КДАМ пас аз чанд рӯзи фирори маҳбусон гуфта мешуд, маҳбусон бо истифода аз «бемасъулиятӣ ва хунукназарии кормандони тавқифгоҳ нисбат ба вазифаҳои худ» фирор намудаанд. Баъди чанде раиси КДАМ ва се нафар муовинони ӯ истеъфо доданд.
Собиқ муовини сардори тавқифгоҳ Сайдулло Бердиев ва посбони ин муассиса Сӯҳроб Акбаров бо ҳукми додгоҳ ба муддати 8,5 сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд. Як посбони дигари муассиса Саидалӣ Саидов ба муддати 2 сол равонаи зиндон гардид. Барои хунукназарона муносибат кардан ба вазифаи худ навбатдори тавкифгоҳ Қобилҷон Касиров ба муддати 5 соли зиндон маҳкум шуд.
Ҳамчунин додгоҳ чаҳор нафар маҳбусони фирориро ба ҳабси абад ва се нафар дигарро ба муддати 30 соли зиндон маҳкум кард. Ғайр аз ин, нисбат ба чанде аз шаҳрвандони маҳбусони фирориро паноҳдода ё аз маҳалли будубоши онҳо ба мақомот хабарнадода низ ҳукмҳои додгоҳӣ содир шуд.
Айни замон корҳои тафтишотӣ нисбат ба маҳбусони фирори дигар идома дорад. Се нафар аз маҳбусони фирорӣ – шаҳрвандони Афғонистон дар қаламрави ин кишвар боздошт шудаанд ва акнун парвандаи онҳо дар додгоҳи Афғонистон баррасӣ мешавад.
Ҳизби аграрӣ ҳам барои омодагӣ ба интихоботи парлумонӣ анҷуман баргузор мекунад
Кушторҳои пайдарпай дар Конибодом. Раиси вилояти Суғд гуфт, тафтиши ҳодисаҳо “таҳти таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат” аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Мунозираи муъмину кофир”
Тоҷикистон воридоти ғалладонаро аз Қазоқистон зиёд кард: зиёда аз 1 млн тонна дар 10 моҳ
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 декабри соли 2024
Аз Боми ҷаҳон то мансабҳои баландпояи Тоҷикистон. Нигоҳе ба корномаи яке аз қурбониёни ҷанги шаҳрвандӣ Моёншо Назаршоев
Қамчибек Тошиев гуфт, ҷузъёти созишномаи марзӣ бо Тоҷикистонро дар моҳи январ ошкор мекунанд
Дар Истаравшан аз рӯи далели то ба худкушӣ оварда расонидан парвандаи ҷиноятӣ боз шуд
Тартиби гирифтани талоқ чӣ гуна мегузарад ва маблағи боҷи давлатӣ барои пешниҳоди ариза чанд аст?
Директори Лигаи футболи Тоҷикистон иваз шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста