Дар маросими ботантана гурӯҳи аввали 44-нафараи ҷавонон аз шаҳри Конибодом ба хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ сафарбар карда шуданд.
Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс комиссари шаҳри Конибодом Рустам Исроилов изҳор кард, ки ин дафъа маросими гусели ботантана на дар назди бинои комиссариати ҳарбӣ, балки дар пояи Муҷассамаи ёдбуди шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо иштироки беш аз 2 ҳазор сокинони шаҳр – роҳбарони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, хизматчиёни ҳарбии интернатсионалист, иштирокчиёни ҷангҳо барои барқароркунии сохти конститутсионӣ, хизматчиёни ҳарбии дар садамаи нерӯгоҳи атомии Чернобил иштирокдошта, сарбозони қисмҳои низомии мустақар дар минтақа, намояндагони аҳли ҷомеа ва ҷавонон доир гардид.
Ба гуфтаи Исроилов, дар даъвати тирамоҳӣ 188 нафар ба хизмати ҳарбӣ фиристода шуда, дар даъвати баҳорӣ 227 нафар зодагони Конибодом ба хизмати ҳарбӣ сафарбар мешаванд.
«Ояндаи наздик боз 30 нафар ҷавонон курсҳои ронандагӣ дар мактаби намунавии техникии Ҷамъияти мусоидат ба мудофиаро хатм намуда, онҳо низ ба хизмати ҳарбӣ даъват мешаванд», - иброз дошт комиссари ҳарбии шаҳр.
Номбурда афзуд, айни замон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳудуди 1 ҳзор нафар ҷавонон аз Конибодом адои хизмат мекунанд.
“Шавҳаратро ёфта биёр, пулатро мерӯёнем”. Саргардонии як зан барои рӯёнидани ҳаққи кӯдаконаш аз падарашон
Боздошти як мард бо гумони фиреби хоҳишмандони кор дар Аврупо
“Хабари паҳнгардида асос надорад!”. Милитсияи пойтахт гуфт, ба аҳолӣ тавассути “WhatsApp” паём нафиристодааст
Раиси як ҷамоатро барои “ҳоҷиошӣ” беш аз 57 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз вазифа барканор карданд
Бекор шудани маҳдудият дар фурӯши гази моеъ нархи онро каме поин кард
Дар Ховалинг мактаберо ба номи як қурбонии низои марзии Тоҷикистону Қирғизистон гузоштанд
Ӯзбекистон расмиёти дохилии тартиби соддакунии боркашонӣ бо Тоҷикистонро ба анҷом расонид
Шаҳрвандии Русия дореду дар қайди ҳарбӣ нестед. Метавонед аз шаҳрвандӣ маҳрум шавед
Оё электромобилҳо метавонанд камбуди мавсимии неруи барқро дар Тоҷикистон зиёдтар кунанд?
Зиндагии маъмулӣ пас аз зиндон. Маҳбусони собиқ чӣ гуна ба он бармегарданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста