Амалиёти мушатараки хадамоти зиддимухаддиротии Тоҷикистон ва Афғонистон, ки дар қаламрави марзии ду кишвар доир гардид, муҷиби аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира шудани бештар аз 420 кило маводи мухаддир шуд.
Тавре аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ин бора рӯзи гузашта генерал Бозмуҳаммад Аҳмадӣ, ҷонишини вазири корҳои дохилии Афғонистон дар як нишасти матбуотӣ дар Кобул иттилоъ дод.
Ҷаноби Бозмуҳаммад Аҳмадӣ инро як амалиёти бузургмиқёс ва пурсамаре унвон кард, ки зарфи чанд соли охир дар минтақаи марзӣ анҷом шудааст. Вай дар сӯҳбат бо хабарнигорон аз ҷумла гуфт, ки “Мо амалиётро ҳамзамон дар қаламрави ду кишвар бо ҳамоҳангӣ бо якдигар тибқи он созише оғоз кардем, ки бо хадамоти зиддимухаддиротии Тоҷикистон имзо карда будем”.
Бино ба гуфтаи ҷаноби Аҳмадӣ Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ амалиёти мазкурро як ташаббуси муҳим ва комёбии бузург дар роҳи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар ин ду кишвари ҳамсоя арзёбӣ кардааст.
Дар ҷараёни амалиёт 13 қочоқчии мухаддирот боздошт шуданд. Ҳатто иддае аз афроди дастгиршуда ба содир намудани ҷиноятҳои дигар, аз ҷумла одамрабоӣ ва тиҷорати инсон низ муттаҳам дониста мешаванд. Аз ҷумла ҳангоми кофтукови манзили зисти боздоштшудагон ду зан аз ҷумлаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке 25 ва дуюмӣ 22-сола буданд, ошкор гардиданд, ки бо худ ҳеҷ асноди мушаххаскунандаи шахсият надоштанд ва дида мешуд, ки эҳтимолан рабуда шуда буданд. Ин ду тан баъди мушаххас кардани ҳуввият ва ҳолатҳои убурашон аз марзи давлатии ду кишвар ба консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Файзобод супурда шуданд, ки дар наздиктарин фурсат қарор аст истирдод шаванд.
Ҳамчунин дар ҷараёни баргузории амалиёт шаш тан аз кормандони пулиси Афғонистон захмӣ шуданд, ки яке аз онҳо аз ҷароҳати сангин дар ҷои ҳодиса ҷон дод.
Ҳамзамон бо ин аз кушта шудани бародари Сафиулло – Файзулло писари Ҳоҷӣ Идрис, ки дар Афғонистгон бо тахаллуси “Сафири Роғӣ” машҳур аст, низ хабар дода мешавад.
Аз мухаддироти мусодирашуда 4 кило героин, 40 кило афюн ва боқӣ 376 кило ҳашиш буд. Ҳамчунин дар доираи ин амалиёт 24 адад автомат ва як пулемёти Калашников, 2 туфангчаи Макаров ва ба миқдори зиёд муҳимоти ҷангӣ мусодира гардид.




Қаҳрамони филми “Моҳӣ дар шаст” дар синамоҷашнвораи байналмилалии Бангола соҳиби ҷоиза шуд
“Намоиши қудрат дар ҳоли заъф”. Изҳороти “мубаллиғони Кремл” то куҷо баёнгари нақшаи Русия ва таҳдид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аст?
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 11
Воридоти автомашинаҳо аз Гурҷистон ба Тоҷикистон 568% афзудааст
“Баъзе фурӯшандагон “антифриз”-и пастсифат мефурӯшанд”. Огоҳии “Тоҷикстандарт” ба ронандагони кишвар
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 январи соли 2026
Кор дар Қатар. 6 ширкати қатарӣ корҷӯёни тоҷикро бо шиму кастюм ва гарданбанд ба суҳбат даъват мекунанд
“Турдиев бояд аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод мешуд”. Як зодаи Тоҷикистон дар Русия бо иттиҳоми куштор ду моҳ ба ҳабс гирифта шуд
Савдои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соли 2025 қариб 3 баробар афзудааст
КДАМ аз боздошти ду сокини шаҳри Турсунзода бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир хабар дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста