Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати омӯзиши шикоятҳои сершумори соҳибкорони ватанӣ нисбати бандҳои ҷудогонаи Кодекси нави андоз, ки гӯё ба рушди тиҷорат монеъа эҷод месохта бошанд, гурӯҳи корӣ таъсис дод. Дар ин бора ба журналистон зимни нишасти хабарии имрӯза роҳбари Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ Фаттоҳ Саидов хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, аз 1-уми август комиссия таҳти сарварии муовини аввали нахуствазир Матлубхон Давлатов тамоми шикояту пешниҳодҳои соҳибкоронро мавриди омӯзиш қарор хоҳад дод.

«Аз соли 2013 Агентӣ ташхиси зиддикоррупсионии баъзе асноди меъёрӣ-ҳуқуқии давлатиро мегузаронад ва то имрӯз ба лоиҳаҳои баъзе қонун ва қарорҳои ҳукумат хулосаҳои манфӣ пешниҳод гардид. Масалан, нисбати лоиҳи қарори ҳукумати ҶТ «Дар бораи назорати давлатии захираҳои обии ҶТ», ки метавонад ба амалҳои коррупсионӣ аз ҷониби иҷрокунандагони он боис гардад ва ба фармони вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ «Дар бораи тартиби ягонаи барасмиятдарории патент барои соҳибкорон» хулосаи манфӣ дода шуд», - таъкид кард Саидов.