Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар медиҳанд, ки рӯзи 13 сентябр кормандони сохторҳои қудратӣ боз се нафар аъзои гурӯҳи ҷиноятпешаи генерал Абдуҳалим Назарзодаро дар дараи Ромит боздошт намудаанд.
Гуфта мешавад, нчунин, аз ин гурӯҳи ҷиноятпеша як адад автомати «АКМ», як таппончаи «Макаров» ва миқдори зиёди лавозимоти дигари ҷангӣ дарёфт ва мусодира карда шуд. Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки тайи рӯзи 12-уми сентябри соли 2015 аз ҷониби кормандони ВКД, КДАМ ва дигар сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ зимни гузаронидани амалиётҳои махсус дар дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат 5 нафар аъзоёни фаъоли гурӯҳи террористии Назарзода Абдуҳалим Мирзо (Ҳоҷи Ҳалим) дастгир гардида, аз ин гурӯҳи ҷиноятпеша 5 адад автомати «АКМ» ва миқдори зиёди лавозимоти ҷангӣ дарёфт ва мусодира карда шуд.
Таъкид мешавад, ки шахсоне, ки бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ барои дастгир намудани аъзоёни гурӯҳи ҷинояткори Назарзода А.М. ҳамкорӣ намуда, ҷиҳати дарёфт ва супоридани яроқу аслиҳа кӯмак намуданд, аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ қадрдонӣ карда мешаванд.
Хотиррасон мешавад, ки шахсоне,ки барои дастгир намудани аъзоёни гурӯҳ кӯмак менамоянд ё яроқу аслиҳаи онҳоро дарёфт намуда хабар медиҳанд, ё оварда ихтиёран месупоранд, тибқи қонун аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод буда, мукофотонида мешаванд.
Зимнан зикр мегардад, ки амалиётҳои якҷояи сохторҳои қудратии кишвар дар дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат оиди безарар гардонидани аъзоёни гурӯҳи террористии Назарзода А.М. идома дорад.
Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи 4 сентябр аз ҷониби гурӯҳи ҷиноятпеша таҳти роҳбарии собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон, генерал Абдуҳалим Назарзода ба Шуъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат ва ҳамчунин дастгоҳи марказии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифта, аъзои ин гурӯҳ дар минтақаи кӯҳистони дараи Ромит паноҳ бурданд.
Дар ҷараёни ин амалиёт 9 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ ба ҳалокат расиданд. Тибқи маълумоти расмӣ, аз оғози амалиёти махсус 117 нафар ҳаммаслакони генерали ошӯбгар боздошт ва 22 нафарашон кушта шуданд.
Ҳалокати се коргар дар сохтмони НБО “Роғун”
Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи Непал бо ҳисоби 4:0
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хиёнати ҳамсари сӯфӣ”
Боздошти ду корманди Коммисариати ҳарбии Исфара бо гумони гирифтани пора
Дар Тоҷикистон 49 ҳазор нафар расман бекор эътироф шудаанд
Камбуди ашёи хом, барқ ва пул. Панҷ мушкили асосии саноати хӯроквории Тоҷикистон
Парлумони Тоҷикистон қонун дар бораи соҳибкории иҷтимоиро қабул кард
“Ҷойи кор нест, нафақа барои зиндагӣ намерасад!” Имрӯз Рӯзи байналмилалии нобиноён таҷлил мегардад
Аз 1 то 13 сол. Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
“Рақс бикун ҷоно...” Дар Душанбе фестивали байналмилалии рақс идома дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста