Дар ҷараёни муқовимати мусаллаҳона бо ҷангиёни генерали ошӯбгар, собиқ муовини вазири мудофиаи кишвар Абдуҳалим Назарзода, ки рӯзи 15 сентябр дар дараи Ромит ба вуқӯъ пайваст, фармондеҳи гурӯҳи таъиноти махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон полковник Рустам Амакиев ба ҳалокат расид. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ хабар дода, таъкид дошт, ки имрӯз ҷасади Рустам Амакиев дар зодгоҳаш - ноҳияи Восеъ ба хок супурда мешавад.
Бино ба гуфтаи манбаъ, зимни тирпарронӣ аз ҳарду ҷониб ҳамчунин ду ҷангии Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН) низ ҷароҳатҳои вазнин гирифтаанд.
Аз талафот дар сафҳои ҷонибдорони генерали ошӯбгар манбаъ маълумот надода, танҳо қайд кард, ки «миёни ҷангиёни генерал низ талафот мавҷуд аст».
Қаблан ВКД Тоҷикистон хабар дода буд, ки аз оғози амалиёти махсус оид ба безаргардонии гурӯҳи ҷиноятпешаи Назарзода, ки 4 сентябр шурӯъ шуда буд, 9 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳалокат расиданд.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 4 сентябр аз ҷониби гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпеша таҳти раҳбарии собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон, генерал Абдуҳалим Назарзода ба Шуъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат ва дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа дар Душанбе ҳамла сурат гирифта, сипас аъзои ин гурӯҳ ба дараи Ромит паноҳ бурданд. Амалиёти махсус оид ба безарар гардонидани гурӯҳи Назарзода идома дорад.
“Агар мактаб мебуд...” Баъди марги Таронаи 9-сола дар Бӯстон мактаб сохта мешавад?
Дар Кувайт рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор шуд
Савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон рӯ ба беҳбудӣ меорад
Аввалин мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта поён ёфт
Филми ҳунарии “Дар талоши ҳақиқат”-и коргардони тоҷик дар синамоҷашнвораи байналмилалӣ ҷоиза гирифт
Дар Боздоштгоҳ ва паси дарҳои баста. Оғози мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта дар Тоҷикистон
Ҳалокати се коргар дар сохтмони НБО “Роғун”
Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи Непал бо ҳисоби 4:0
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хиёнати ҳамсари сӯфӣ”
Боздошти ду корманди Коммисариати ҳарбии Исфара бо гумони гирифтани пора
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста