Дар гузориши рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта интишоршудаи Маркази таҳқиқоти стратегӣ ва сиёсати хориҷии воқеъ дар Беларус таҳти унвони «Геостратегияи нави Русия: оқибат ва чолишҳо барои меъмории амнияти байнулмилалӣ», зикр мегардад, ки Русия нақша дорад, ки дар муддати чор соли минбаъда хатти мудофиаи стратегиро аз марзҳои худаш ба сарҳади Тоҷикистон кӯчонад.
Дар шарҳи гузориш қайд мешавад, ки таркиби аввалини геостратегияи нави Русия аз марзҳои худ кӯчонидани хатти мудофиаи стратегӣ аст. Хати мудофиаро Русия гӯё ба «хатте, ки тариқи марзи ғарбии вилояти Калининград, Беларус, Украина, Приднестрове, марзҳои ҷанубии Абхазия ва Осетияи Ҷанубӣ дар Аврупои Шарқӣ ва тавассути марзҳои шарқӣ ва ҷанубии Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ мегузарад», интиқол доданист.
Ҳамчунин коршиносони беларусӣ ба сифати банди минбаъдаи геостратегияи нави Русия «ба вуҷуд овардани ноамнӣ дар кишварҳои қад-қади ин хатти стратегӣ ҳамчун воситаи коҳиши нуфуз ва ҳузури абарқудратҳои ҷаҳонии дигар дар ин минтақаҳо»-ро зикр мекунанд.
Дар гузориш ба раҳбарияти кишварҳои Чин, Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон тавсия дода мешавад, ки «афзалиятнокии начандон назарраси геостратегияи нави Русия дар мубориза бо Давлати исломӣ ва дигар ҳаракатҳои исломӣ дар Осиёи Марказии Бузургро ба инобат гиранд».
«Дар партави манфиатҳое, ки Русия аз вайрон кардани шарикии Чину ИМА ба даст оварда метавонаду таваҷҷуҳи Чин ба минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором ҷалб мешавад ва ҳамчунин ноилшавии Русия ба мақоми таъминкунандаи асосии захираҳои энергетикӣ ба Чин, ноамн шудани вазъ дар Осиёи Марказӣ дар ҳудудҳои муайян хатари қобили қабул барои Русия мебошад», - қайд мешавад дар гузориш.
Ҳамчунин дар гузориш пешбинӣ мешавад, ки Русия гӯё ба «афзоиши ҷараёни ихтилофҳо, ки ба болоравии нархҳо ба захираҳои энергетикӣдар бозорҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ боис мегардад», мусоидат мекунад.
«Геостратегияи нави Русия хеле амалгароёна буда, барои расидан ба ҳадафҳои комилан мушаххас дар давраи муҳлати муваққатии аз 1 то 4 сол нигаронида шудааст», - гуфта мешавад дар гузориши мазкур.
“Агар мактаб мебуд...” Баъди марги Таронаи 9-сола дар Бӯстон мактаб сохта мешавад?
Дар Кувайт рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор шуд
Савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон рӯ ба беҳбудӣ меорад
Аввалин мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта поён ёфт
Филми ҳунарии “Дар талоши ҳақиқат”-и коргардони тоҷик дар синамоҷашнвораи байналмилалӣ ҷоиза гирифт
Дар Боздоштгоҳ ва паси дарҳои баста. Оғози мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта дар Тоҷикистон
Ҳалокати се коргар дар сохтмони НБО “Роғун”
Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи Непал бо ҳисоби 4:0
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хиёнати ҳамсари сӯфӣ”
Боздошти ду корманди Коммисариати ҳарбии Исфара бо гумони гирифтани пора
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста