Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ва робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар бораи комилан анҷом ёфтани амалиёти махсус оид ба безарар гардонидани гурӯҳи ҷиноятпешаи собиқ муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода хабар доданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи 16-уми сентябри соли 2015, соати 14:00 амалиёти зиддитеррористӣ оид ба несту нобуд кардани дастаи террористии собиқ муовини Вазири мудофиаи ҶТ ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода пурра ба охир расид.
Ба иттилои манбаъ, дар рафти чорабиниҳои низомӣ ва оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ки якуним шабонарӯз идома ёфтанд, гурӯҳи террористӣ дар қисмати рости мавзеи Гусгеви дараи Ромит, воқеъ дар 110 километрии шаҳри Ваҳдат ва баландии 3700 метр аз сатҳи баҳр иҳота карда шуд.
«Кӯшишҳои гуфтушунид ва моил сохтани онҳо ба таслимшавӣ натиҷа надоданд. Террористҳо муқобилияти шадиди мусаллаҳона нишон доданд. Зимни оташи ҷавобӣ, саркардагони гурӯҳи террористӣ ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода, Эшони Ҷунайд Умаров ва 10 нафар ҳаммаслакони онҳо нест карда шуданд. Теъдоди зиёди аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ мусодира гардид», - омадааст дар маълумоти ВКД.
Гуфта мешавад, ҳангоми несту нобуд кардани дастаи террористон, фармондеҳи воҳиди махсуси «Алфа»-и КДАМ ҶТ полковник Амакиев Рустам Холалиевич, инчунин се нафар хизматчиёни ҳарбии Дастаи таъиноти махсуси милитсияи ВКД ва «Алфа»-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалок шуданд.
Тайи шабонарӯзи ахир бар асари задухӯрдҳои мусаллаҳона аз ҳарду ҷониб 14 нафар - 4 корманди мақомоти қудратӣ ва 10 тан аз аъзои гурӯҳи ҷиноятпеша ба ҳалокат расиданд.
Бино ба маълуомти ВАО, миёни ҳалокшудагон хизматчии ҳарбӣ Аҳмад Кабирови 18-сола, сокини деҳоти Заргарии ноҳияи Бохтар ва хизматчии ОМОН Аслиддин Абдулҳаев ҳузур доранд.
Амалиёти махсус алайҳи гурӯҳи мусаллахи Назарзода рӯзи 4 сентябр баъди ҳуҷуми аъзои ин гурӯҳ ба Шуъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат ва дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа дар шаҳри Душанбе шурӯъ шуд, ки дар натиҷаи ин ҳамлаҳо 9 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳалокат расиданд. Ҳукумати масъулияти ин ҳамлаҳоро ба дӯши генерал Назарзода вогузор намуд.
Тибқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқ вазири мудофиа ҳамроҳ бо ҳаммаслакони худ дар қаламрави дараи Ромит паноҳ бурданд. Бино ба маълумоти мақомоти расмӣ, зимни амалиёти мхсус беш аз 100 нафар аъзои гурӯҳ боздошт ва боз зиёда аз 30 тан аз аъзои ин гурӯҳи ҷиноятпеша кушта шуданд.
“Агар мактаб мебуд...” Баъди марги Таронаи 9-сола дар Бӯстон мактаб сохта мешавад?
Дар Кувайт рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор шуд
Савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон рӯ ба беҳбудӣ меорад
Аввалин мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта поён ёфт
Филми ҳунарии “Дар талоши ҳақиқат”-и коргардони тоҷик дар синамоҷашнвораи байналмилалӣ ҷоиза гирифт
Дар Боздоштгоҳ ва паси дарҳои баста. Оғози мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта дар Тоҷикистон
Ҳалокати се коргар дар сохтмони НБО “Роғун”
Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи Непал бо ҳисоби 4:0
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хиёнати ҳамсари сӯфӣ”
Боздошти ду корманди Коммисариати ҳарбии Исфара бо гумони гирифтани пора
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста