Марҳилаи нави гуфтушунидҳо оид ба масоили марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон дар сатҳи муовинони нахуствазирони кишварҳо санаи 20 июн дар Душанбе доир мегардад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод.
Муовинони нахуствазирони Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Қирғизистон Жениш Раззоқов масъалаҳои суръат бахшиданро ба ҷараёни таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳади давлатии ҳарду кишвар баррасӣ мекунанд.
Ёдрас мекунем, ки дар доираи нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар Чин санаи 9 июн президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков барои ҳарчи зудтар ҳаллу фасл кардани масоили марбут ба сарҳадӣ давлатӣ, пешниҳод намуданд, ки Созишнома дар бораи сарҳади давлатӣ ва Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи манъи баргузории фаъолияти хоҷагидорӣ дар хатти сарҳади давлатӣ то анҷоми марҳилаи муайян ва таксими хатти сарҳад ба имзо расад.
Он замон сарони кишварҳо қайд карданд, ки барои ҳаллу фасли як қатор масъалаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба гузаргоҳи «Қарамиқ» додани мақоми байнулмилалӣ зарур аст.
Муовини нахуствазири Қирғизистон Жениш Раззоқов ҳамчунин дар кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, барои солҳои 2018-2028, ки рӯзҳои 20-22 июн дар Душанбе баргузор мешавад, иштирок мекунад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Ҳалокати се коргар дар сохтмони НБО “Роғун”
Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи Непал бо ҳисоби 4:0
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хиёнати ҳамсари сӯфӣ”
Боздошти ду корманди Коммисариати ҳарбии Исфара бо гумони гирифтани пора
Дар Тоҷикистон 49 ҳазор нафар расман бекор эътироф шудаанд
Камбуди ашёи хом, барқ ва пул. Панҷ мушкили асосии саноати хӯроквории Тоҷикистон
Парлумони Тоҷикистон қонун дар бораи соҳибкории иҷтимоиро қабул кард
“Ҷойи кор нест, нафақа барои зиндагӣ намерасад!” Имрӯз Рӯзи байналмилалии нобиноён таҷлил мегардад
Аз 1 то 13 сол. Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
“Рақс бикун ҷоно...” Дар Душанбе фестивали байналмилалии рақс идома дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста