Тоҷикистон бодиққат фаъолшавии гурӯҳҳои мусаллаҳи берун аз итоати Кобулро бевосита назди марзҳои худ пайгирӣ дошта, оид ба таҳкими ҳифзи баъзе қитъаҳо тадбирҳои пешгирикунанда меандешад, изҳор дошт ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадӣ (ҚС)-и КДАМ Тоҷикистон майор Муҳаммад Улуғхоҷаев.
«Вазъ дар назди марзҳои худро, бахусус дар самтҳое, ки ҷамъшавии зиёди шахсони мусаллаҳи шомил ба созмонҳои гуногуни ифротгаро ва террористӣ ба мисли ҳаракати «Толибон» ва «Давлати исломӣ» ба мушоҳида мерасад, мо дақиқкорона пайгирӣ дорем», - таъкид дошт майор Улуғхоҷаев.
Ба гуфтаи ӯ, имрӯз барои ба марз бо Афғонистон сафарбар намудани нерӯҳо, аслиҳа ва техникаи иловагӣ ҳеҷ зарурате вуҷуд надорад.
«Нерӯ ва воситаҳои амалкунанда дар сарҳад барои посухи муносиб ба кӯшишҳои убури ғайриқонунии сарҳади давлатии Тоҷикистон кофист», - қайд кард номбурда.
Намояндаи Қушӯнҳои сарҳадӣ ҳамчунин таъкид дошт, ки хатари вуруди мусаллаҳонаи мустақим аз Афғонистон ба Тоҷикистон вуҷуд надорад.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти як манбаи «Азия-Плюс» дар Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, ин ниҳод низ ният надорад, ки ба сарҳад бо Афғонистон нерӯ ва воситаҳои иловагӣ сафарбар намояд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Ҳалокати се коргар дар сохтмони НБО “Роғун”
Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи Непал бо ҳисоби 4:0
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хиёнати ҳамсари сӯфӣ”
Боздошти ду корманди Коммисариати ҳарбии Исфара бо гумони гирифтани пора
Дар Тоҷикистон 49 ҳазор нафар расман бекор эътироф шудаанд
Камбуди ашёи хом, барқ ва пул. Панҷ мушкили асосии саноати хӯроквории Тоҷикистон
Парлумони Тоҷикистон қонун дар бораи соҳибкории иҷтимоиро қабул кард
“Ҷойи кор нест, нафақа барои зиндагӣ намерасад!” Имрӯз Рӯзи байналмилалии нобиноён таҷлил мегардад
Аз 1 то 13 сол. Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
“Рақс бикун ҷоно...” Дар Душанбе фестивали байналмилалии рақс идома дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста