Жогорку Кенеш (парлумони Қирғизистон) рӯзи 26-уми сентябр аз рӯйи маълумоти ҳукумат оид ба низоъ дар қитъаи номуайяни сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон дар ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд қарор қабул кард.
Вакилон маълумотро дар бораи муноқиша баррасӣ карда, ба ин санад муҳри “махфӣ” гузоштанд, ки ифшои он манъ аст. Дар ин бора хабаргузории 24.kg иттилоъ медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ҳукумат ба гуфтушунидҳо дар мавриди суръат бахшидан ба корҳои таъйин ва аломатгузории сарҳад идома медиҳад. Вакилон ин масъаларо зери назорат мегиранд.
Кори ҳукуматро Жогорку Кенеш ба сурати умум қаноатбахш арзёбӣ карда, як қатор эродҳо гирифтааст. Аъзои комиссияи таъйин ва аломатгузорӣ ваъда додаанд, ки онҳоро ба инобат мегиранд.
Гуфтушуниди охир, ки дар бораи натиҷаҳояш хабар дода шуд, рӯзи 18-уми сентябр дар маҳаллаи Баҳори деҳаи Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки бо деҳаи Максати ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҳамсарҳад аст, доир гардид.
Натиҷаҳои пешакии гуфтушунид чунинанд: манораи дидбонгоҳи Қирғизистон кӯчонида шуда, Тоҷикистон манора намесозад.
Дар қаламрави ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара низ гуфтушунидҳо доир гардиданд, аммо аз натиҷаҳои онҳо маълумот дода нашуд.
Ёдрас мекунем, ки бар асари муноқишаи шоми 16-уми сентябр дар мавзеи ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров се хизматчии ҳарбии точик ва як марзбони қирғиз ҷон бохтанд. Ба ҷуз ин, аз ҷониби Тоҷикистон боз панҷ низомӣ ва занону ду кӯдак захмӣ шуданд. Дар бораи 13 нафар захмиён Вазорати тандурустии Қирғизистон низ хабар дод.
Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Дар ин ҳолат 472 километри дигари сарҳади давлатии миёни ду кишвар номуайян боқӣ мемонад. Ин ҳолат боиси баҳсу муноқишаҳои зиёд миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ мешаванд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Рустами Эмомалӣ супориш дод, ки дар ВМКБ Академияи футбол бунёд шавад
“Арзон будан маънои хатарнок буданро надорад”. “Тоҷикстандарт” сифати гӯшти аз Белорус воридшавандаро шарҳ дод
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Тадбири аёз ва ақли се амир”
Ошӯб дар зиндони Ваҳдат. 3 маҳбус кушта ва 3 нигаҳбон захмӣ шуданд
Омодагии Фонди кувейтии рушд ба идомаи маблағгузорӣ ба лоиҳаҳо дар Тоҷикистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 феврали соли 2025
Дар ҷумҳурӣ 705 ва дар пойтахт 780 доллар. Нархи миёнаи як метри мураббаъ хона дар Тоҷикистон маълум шуд
Раиси нави Конибодом гуфт, то ҳол сокинони шаҳр “хотирҷамъ нестанд ва навбатдории шабонарӯзӣ давом дорад”
“Сомон-Эйр” шумораи парвозҳоро ба Теҳрон зиёд мекунад
Директори Агентии зиддинашъа гуфт, маводи мухаддири синтетикӣ ва психотропӣ миёни ҷавонон бештар паҳн мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста