Ташкилотҳои қарзии Тоҷикистонро ба даст кашиидан аз хизматрасонӣ ба шахсони ҳуқуқие, ки дар ҷумҳурӣ ташкилоти экстремистӣ эътироф шудаанд, уҳдадор карданд.

Ин талабот дар қонуни нав “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” дарҷ шудааст, ки рӯзи 2-юми январ аз ҷониби раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид.

Назорати ин талаботи қонуни нав ба дӯши Бонки миллии Тоҷикистон вогузор шудааст, ки дар сомонаи он рӯйхати террористҳо ва экстремистҳо нашр гардидааст.

Мувофиқи қонуни нав, шаҳрвандони кишвар уҳдадоранд, ба субъектҳои муқовимат ба экстремизм “дар бораи ҳамаи ҳодисаҳое, ки аз аломатҳои омодашавии амали дорои хусусияти экстремистӣ гувоҳӣ медиҳанд”, фавран хабар диҳанд.

Субъектҳои бевоситаи муқовимат ба экстремизм КДАМ, ВКД, Прокуратураи генералӣ, Вазорати адлия, Вазорати мудофиа, Агентиҳои зиддикоррупсионӣ ва назорати маводи нашъаовар, Гвардияи миллӣ, Хадамоти гумрук, Хадаомти алоқа, БМТ, ҳамчунин Кумитаҳои дин ва варзишу ҷавонон мебошанд.

Давлат ҳимоя ва амнияти шахсонеро, ки дар муқовимат ба экстремизм кумак мекунанд, кафолат медиҳад. Иттилоот дар бораи чунин шахсон махфӣ буда, ошкор намудани он боиси ҷавобгарии пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мешавад.

Ҳангоми дар шабакаи интернет ва шабакаҳои дигари телекоммуникатсионӣ ошкор намудани тарғиби экстремизм, аз ҷумла иттилооте, ки ба бетартибиҳои оммавӣ, иштирок дар чорабиниҳои оммавӣ, ки ба вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ меорад, ба амалигардонии фаъолияти дигари экстремистӣ даъват мекунад, дастрасӣ ба чунин иттилоот фавран қатъ ё маҳдуд карда мешавад.

Баҳисобгирии ташкилотҳои экстремистӣ, инчунин назорати шахсони ба фаъолияти экстремистӣ алоқамандидошта аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ амалӣ карда мешавад.

Ҳангоми гузарондани маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо, пикетгузориҳо ё чорабиниҳои дигари оммавӣ ташкилкунандагони ин чорабиниҳо барои риоя кардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиби   гузарондани чунин чорабиниҳо, роҳ надодан ба фаъолияти экстремистӣ, ҳамчунин пешгирии саривақтии он масъул мебошанд.

Фаъолияти экстремистӣ

Фаъолияте, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон экстремистӣ ҳисобида мешавад:

- бо зӯрӣ сарнагун кардан ва ё тағйир додани сохтори конститутсионӣ, вайрон ва халалдор кардани соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мусоидат кардан ба чунин кирдорҳо;

- барангехтани кинаю адовати нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, динӣ (мазҳабӣ) ва муноқишаҳои иҷтимоӣ, инчунин тарғиби махсусият ва бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин (мазҳаб), забон, мансубияти онҳо ба миллат, нажод ё маҳал ба таври оммавӣ ё бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё содир кардани ин ҳаракатҳо бо роҳи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он;

- амалҳое, ки ба ноустувор сохтани амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудаанд;

- амалҳое, ки ба ғасб ё аз худ кардани ваколатҳои ҳокимият равона шудаанд;

- ташкил кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ё иштирок дар онҳо;

- паст задани шаъну эътибори миллӣ;

- вайрон кардани ҳуқуқ, озодӣ, манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд вобаста ба мансубияташ ба гурӯҳи иҷтимоӣ, нажод, миллат, қавм, маҳал, дин (мазҳаб) ва забон ё муносибати ӯ ба дин;

- ҷалб намудан барои иштирок дар амалҳои экстремистӣ, инчунин омӯзондани мафкураи экстремистӣ;

- монеъ шудан ё маҷбур кардан ба тағйир додани хусусияти фаъолияти қонунии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунӣ, комиссияҳои интихоботӣ, ташкилот, иттиҳодияҳои дигар  ва шахсони мансабдори онҳо;

- истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё ташкилоти дигари давлатӣ ва наздикони онҳо бо мақсади қасос гирифтан барои он амалҳое, ки бо иҷрои фаъолияти хизматӣ вобаста бошад ё ин ки хатари истифодаи зӯроварӣ вобаста ба ин асосҳо;

- ташвиқот ва ба намоиши оммавӣ гузоштани нишон, парчам ё рамзи дигари ташкилотҳои аз ҷониби суд экстремистӣ эътирофшуда;

 - даъвати оммавӣ барои иҷро намудани амалҳои экстремистӣ ё интишори маводи экстремистӣ, инчунин тайёр кардан ва нигоҳ доштани онҳо бо мақсади паҳн намудан;

- нашр ва (ё) паҳн кардани маводи чопӣ, аудиоӣ, видеоӣ ва маводи дигари дорои хусусияти экстремистӣ дар воситаи ахбори омма, шабакаи интернет, воситаи алоқаи барқӣ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.