Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ба Руйхати миллии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки бо терроризм алоқамандӣ доранд, тағйирот ворид кард.
Дар маълумот доир ба маҳз кадом тағийрот ворид шудан ба ин рӯйхат сухан намеравад.
Лекин теъдоди шахсони воқеӣ, ки ба иртибот бо террористон ва ифротгароён гумонбар дониста мешаванд, тӯли соли охир қариб ду баробар зиёд шуд: то аввали моҳи май дар феҳрист 1356 нафар ва айни замон - 2647 нафар зикр шудаанд.
Қаблан моҳи апрели соли гузашта ин рӯйхатро ба ду номгӯй тақсим карда буданд:
1. “Рӯйхати шахсони воқеӣ, ки аз ҷониби Тоҷикистон ҳамчун шахсони бо терроризм алоқадошта зикр шудаанд”.
2. “Рӯйхати шахсони воқеӣ, ки аз ҷониби Тоҷикистон ҳамчун шахсони бо ифротгароён (экстремистҳо) алоқадошта зикр шудаанд”.
Акнун рӯйхати дуюм вуҷуд надорад, танҳо аввалааш боқӣ монд.
Феҳристи миллӣ ҳамчунин номгӯйи созмонҳои террористӣ ва ифротгарои фаъолияташон дар Тоҷикистон манъшударо дар бар гирифта, ба он 15 созмону ташкилот шомиланд:
«Ал-Қоида», «Ихвон ул-Муслимин (Бародарони мусалмон)», «Лашкари-Тайиба», «Ҳаракати Толибон», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Давлати исломии Ироқу Шом», «Ҷабҳат ан-Нусра», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон», «Ҷамъияти Исломӣ», «Паймони миллии Тоҷикистон», «Ҷамъияти Таблиғ», «Даъват ба ислом», «Тоҷикистони озод», «Гурӯҳи 24».
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ҳуқуқшинос, муҳандис ва вакили парлумон: Вазири нави меҳнату муҳоҷират кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 феврали соли 2025
Низоми 10-холаи баҳогузорӣ, норасоии кадрӣ, мақоми омӯзгор... Вазири маориф дар нишасти матбуотӣ боз чӣ гуфт?
Моякӯбӣ барои кӣ ва чӣ муҳим аст?
“Ба кушторҳои Конибодом рабт надорад”. Мақомоти Суғд дарёфти ҷасади як зан аз дарёи Сир, ки боиси сару садо шуда буд, шарҳ доданд
Таҳсили ғайриқонунии динии қариб 40 шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷа. Кумитаи дин ду роҳи ҳал пешниҳод мекунад
Чаро зани серфарзанди тоҷикро дар Русия баъди тақдими хона дастгир карданд?
Вазири энергетика 5 шарти расидан ба "истиқлолияти комили энергетикӣ" дар соли 2027-ро гуфт
“Асоси воқеӣ надорад”. Вазири маорифи Тоҷикистон ба вакили Думаи давлатии Русия посух дод
Муаррифии китобҳои насли нав. Аз китобҳои оддӣ чӣ тафовут доранд ва нархашон чанд аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста