Дар чор қитъаи махсусан осебпазири роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе-Хоруғ постгоҳҳои сайёр (мобилӣ) ташкил карда мешаванд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ хабар дод.
“Бо фармони раиси Кумита постгоҳҳои сайёр аз ҳисоби наҷотбахшони Кумита аз оғози ҳафтаи оянда ба фаъолият оғоз мекунанд”, - иброз дошт ӯ.
Ба гуфтаи сухангӯи Кумита, наҷотбахшоне, ки дар ин постгоҳҳо фаъолият мекунанд, дар хонаҳои махсуси аз ҷониби Кумита сохташуда зиндагӣ карда, онҳо бо техникаи зарурӣ, ғизо, сӯзишворӣ ва сарулибоси гарм таъмин карда мешаванд.
“Онҳо уҳдадоранд, ки дар ҳама гуна ҳолатҳои фавқулода дар минтақаи зери масъулияти худ ба кумак омода бошанд”, - гуфт Юсуфӣ.
Зимнан зикр шуд, ки наҷотбахшони Кумита дар постгоҳҳо шабонарӯзӣ навбатдорӣ намуда, ҳар 10 рӯз иваз карда мешаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.