Мақомоти масъули таъмини суботу тартибот ҳарос доранд, ки дар пасманзари вазъи муташанниҷшуда дар вилоят, гуруҳҳои ҷудогонае дар Аврупо мехоҳанд аз ин вазъ истифода карда, мардуми вилояти ба низоъҳои нав бикашанд.
Дар ин бора ба «Азия-Плюс» роҳбари Гуруҳи 44 Фаромуз Иргашев, бо нақли қавл ба намояндагони мақомотва раҳбарии влоят хабар дод.
«Мо бо раҳбарони вилоят ва намояндагони сохторҳои қудратӣ ба таври доимӣ мулоқот мекунем. Дар мавриди интерент ба мо посух доданд, ки вазъ бисёр муташанниҷ аст, барои ҳамион онҳо ҳарос доранд, ки гуруҳҳои алоҳидае, ки дар Аврупо ҳастанд вазъро истифода карда, мардумро ба низоъҳои нав ташвиқ мекунанд»,-гуфт Иршаев.
Дар ҳамин ҳол, Иргашев таъкид кард, ки вазъ дар воқеъ муташанниҷ аст, зеро мақомот қазияи қатли Зиёбековро хеле ба кундӣ таҳқиқ мекунанду нисбат ба сокинон парвандҳо хеле зуд ташкил мешаванд, вале парвандаҳои марбут ба кормандони мақомот, тақрибан таҳқиқ намешаванд.
«Вобаста ба дарахтоне, ки бурида шуда буданд, нисбати як ҷавон парванда боз ва ба додгоҳ ирсол шуд. Ҳамчунин ҳоло алайҳи ду ҷавони дигар бо иттиҳоми шарикӣ бо Гулбиддин Зиёбеков дар рабудани ёрдамчии додситон парванда боз шудааст, аммо мақомот ҷинояти худи ёрдамчии додситонро, ки ҳамроҳ бо Ҳабиб – корманди мақомоти дохилӣ, мехостанд бо пул шиносномаи қалбакӣ ҷӯр кунанд, баррасӣ намекунанд. Раиси собиқи вилоят Ёдгор Файзов дар ин бора дар филми «Неруи қонун», ки сари ҳар вақт ба сифати далел алайҳи бисёриҳо нишон дода мешавад, гуфта буд. Пас чаро ин филм алайи кормандони мақомот истифода намешавад?»,- мегӯяд Иргашев.
Бояд гуфт, ки филми «Неруи қонун» 9 декабр дар телевизиони маҳалии «Бадахшон» намоиш дода шуда буд. Дар ин филм, аз ҷумла раиси собиқи вилоят Ёдгор Файзов суҳабт мекунад, ки оғози ин ҳаводиси фоҷиавӣ аз амалкарди як корманди пулис Ҳабиб Маҳмадов маншаъ мегирад.
«Ин одам, ки барои омода кардани шиносномаи қалбакӣ аз духтар (ба гуфтаи сокинони вилоят ёвари додситон дархости корҳои маҳрамона кардааст, - идора) пулу чизҳои дигар талаб кардааст, сабаби ҳамин бадбахтиҳо шуд. Ӯ ба ваъдааш вафо накарда ва ба духтар машварат дод, ки ба ёрдамчии додситон (Абдусамад Абирзода, - идора), муроҷиат кунад»,-мегӯяд Файзов.
Ба гуфтаи Фаромуз Иргашев, ҳамчунин мақомти тафтишотӣ далели рӯзи 25-ум ноябр парондан ва захмдор шудани шаҳрвандонро дар майдонро комилан таҳқиқ намекунанд ва куштани Зиёбеков хеле ба кундӣ таҳқиқ мешавад.
25-уми ноябр дар ноҳияи Роштқалъа амалиёти боздошти сокини ин ноҳия Гулбиддин Зиёбеков сурат гирифт, ки мақоморти қудратӣ ӯро дар одамрабойӣ ва барангехтани кинаву адоват муттаҳам мекарданд.
Тарафдорони Зиёбеков мақомоти корҳои дохилӣ ва амниятро дар куштани ӯ муттаҳам карда, ҷасади ӯро ба майдони марказии Хоруғ бо талаби таҳқиқи далели марги ӯ оварданд. Дар майдон садҳо нафар ҷамъ шуданд, ки шумораи онҳо дар рӯзҳои ахир ба ҳазорҳо расид. Дар рӯзи оғози эътирозҳо дар майдон тирпаронӣ сурат гирифт, ки дар натиҷа дар ҷойи ҳодиса Тутишо Аслишоеви 21-сола ба ҳалокат расид. Ҷасади ӯро ҳам дар баробари ҷасади Зиёбеков дар майдон гузоштанд. Ҷавони дигар Гулназар Муродбеков дар беморхона ба ҳалокат расид ва 15 нафари дигар захмӣ шуданд.
Ҳамчунин аз шумули кормандони мақомоти интизомӣ 5 нафар низ аз сӯйи эътирозгарон лату кӯб шуданд, ки дар натиҷа захм бардоштанд. Дар маҷмуъ, тавре дар филми "Неруи қонун" гуфта мешавад, дар маҷмуъ 12 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин ҳаводис захм бардоштаанд.
Ба гуфтаи намояндаҳои Гуруҳи 44, ҳамаи ин далелҳо таҳқиқ мешавад ва парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст, вале аз рӯйи ҳодисаи парондан ва захмӣ шудани эътирозгарон касе таҳқиқ намегузаронад.
20-уми декабр Гуруҳи 24 дар як муроҷиатнома аз раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ дархост карданд, ки вазъро таҳти назорат бигирад, вале то кунун посухе ба ин муроҷиатнома дода нашудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Рӯзи дарду ашк. Дар Русия бар иловаи боздошту ихроҷи дастҷамъӣ ва манъи баъзе корҳо, ба таҳсили озоди фарзандони муҳоҷирон низ мухолифат мекунанд
Аз рӯи натиҷаҳои соли 2024 мунтахаби Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар ҷойи чандум аст?
Садама дар зеристгоҳи баландшиддат як қисми Душанберо бе барқ гузошт
Муфтиёти Русия бисёрҳамсарии диниро иҷозат додааст
Собиқ мураббии “Севиля”-и Испания сармураббии дастаи “Равшан”-и Кӯлоб шуд
Ӯзбекистон мехоҳад барои мардон ҳангоми таввалуди кӯдак рухсатии пулакӣ ҷорӣ кунад. Ин дар Тоҷикистон чӣ гуна аст?
Фавқулода суханвар ва чеҳраҳои наву камошно. Муовинони нави Эмомалӣ Раҳмон кистанд?
Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ҳам номзадҳояшро ба интихоботи парлумонӣ пешниҳод мекунад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Пурсиши Мусо”
“Қувваи корӣ намерасад”: Путин доир ба роҳҳои ҳалли мушкилоти муҳоҷират изҳори назар кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста