Сафорати ИМА дар Душанбе рӯзи 31 марти соли ҷорӣ ба Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон радиоҳо, мошинҳои боркаш ва маҷмӯаҳои қисмҳои эҳтиётии Ҷип J8 ҳадя кард, то ба Тоҷикистон дар ҳифзи марзҳояш кумак кунад.
Радиоҳо ва мошинҳо, ки 1,1 млн доллар арзиш доранд, имкон медиҳанд, ки нерӯҳои марзбонӣ дар шароити маҳдуди минтақаи наздимарзӣ ҳаракат ва муошират кунанд. Маҷмӯи қисмҳои ҷип, коргоҳи нигоҳдорӣ ва омӯзиш, марбут ба он, 1,85 млн доллар арзиш дорад ва ба марзбонон дар таъмини назорати доимӣ ва муассири сарҳад кӯмак хоҳанд кард.
Қаблан, моҳи ноябри соли 2021 Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба марзбонон 18 адад мошини Ҷип J8 ба маблағи 1,4 млн доллар тақдим карда буд ва ин коргоҳу бастаи қисмҳои эҳтиётӣ кафолат медиҳад, ки марзбонон метавонанд ин мошинҳоро солҳои тӯлонӣ дар ҳолати корӣ нигоҳ доранд.
Дар маросими супоридани таҷҳизот ва мошинҳо Кордори муваққатии ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонум Бридҷит Уокер ва муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ, генерал-майор Одилҷон Носирзода ширкат варзиданд.
Кордори муваққатии ИМА дар Тоҷикистон, хонум Уокер дар маросим суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд кард: “Дар тӯли 20 соли охир мо бо Тоҷикистон барои таъмини амнияти марзҳо, мубориза бо таҳдиди терроризм, ҷилавгирӣ аз паҳншавии силоҳи ҳастаӣ, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва экстремизми зӯроварӣ ҳамкорӣ кардем. Ҳамчун далели ҳамкории қавӣ мо ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 60 миллион доллар, ҳамчун кумаки ба соҳаи амният, ҷудо кардем, ки дар давоми ду соли оянда амалӣ ва расонида мешавад. Вақте ки мо барои таҳкими амнияти минтақавӣ якҷоя кор мекунем, мо қавитар мешавем. Якҷоя мо барои ояндаи дурахшон кор хоҳем кард”.
Аз соли 1992 то ин ҷониб, Иёлоти Муттаҳида ба Тоҷикистон барои таъмини амният беш аз 330 млн доллар кумак расондааст. Ин кумак аз дарсҳои омӯзишӣ, таҷҳизот ва инфрасохтор иборат аст. Дар чаҳорчӯби ин кумакҳо Амрико ба артиши Тоҷикистон ба маблағи беш аз 13 млн доллар 400 адад мошин ҷудо кардааст. Инчунин беш аз 10 000 нафар низомиён ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ оид ба тактикаи муассир барои вокуниш ба таҳдидҳои террористӣ, муқовимат ба қочоқи маводи мухаддир ва гузаронидани амалиёти махсус омӯзонида шуданд.
Иёлоти Муттаҳида 30 сол боз бо Тоҷикистон шарикӣ дорад ва барои барномаҳои рушду кӯмак ба соҳаи амният, рушди иқтисодӣ, тандурустӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва маориф, Тоҷикистонро дастгирӣ мекунанд, ки ба ин мақсад 1,8 миллиард долларро харҷ намудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Таваққуфгоҳҳои холиву роҳҳои пур аз мошин. Чаро сокинон мошини худро дар таваққуфгоҳи зери биноҳо намегузоранд?
“Ялдо таваллуди офтоб аст”. Гузориш аз ҷашни Ялдо дар яке аз деҳаҳои Тоҷикистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 декабри соли 2024
Комиссияи марказии интихобот шумораи интихобкунандагонро эълон ва нуқтаҳои овоздиҳиро маълум кард
ФАВРӢ! Боздошти 4 нафар бо гумони кушторҳои пайдарпай дар Конибодом
Шаби Ялдо. Сокинон то куҷо аз ин ҷашн ва анъанаҳои он огоҳанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 декабри соли 2024
Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Чин вобаста будааст
Ҳизби демократи Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ 5 номзад пешниҳод кард
Дар радабандии кишварҳои шукуфо Тоҷикистон ба гурӯҳи “сатҳи хеле пасти рушд” шомил шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста