Гуруҳи "Толибон" ҳам хабарҳои ҳамлаи гуруҳи ДОИШ аз Афғонистон ба Ӯзбекистонро рад карданд. Абдулқаҳори Балхӣ, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Толибон, рӯзи сешанбе бо интишори твите парттоби шудани ракет аз хоки Афғонистон ба шаҳри Термизи Ӯзбакистонро ро овоза хонда ва рад кард.
Ҳукумати Узбекистон ҳам иддаои гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ”-ро дар мавриди ҳамлаи мушакӣ аз хоки Афғонистон ба ҳуҳуди кишварро рад кард.
Бино ба гузориши гурӯҳи SITE, шохаи “Хуросон”-и ДОИШ рӯзи 18-уми апрел гуфтааст, ба як пойгоҳи низомии Узбекистон дар шаҳри наздимарзии Тирмиз 10 мушак партофт.
Сухангӯи президенти Узбекистон, Шерзод Асадов, рӯзи 19-уми апрел хабарҳоро дар бораи он ки гуё марзбонони ин кишвар аз хоки Афғонистон мушакборон шудаанд, беасос хонд.
Ӯ дар Телеграм навишт: “Бино ба иттилои Вазорати дифоъ ва Хадамоти марзбонии Узбекистон, дар марзи кишвар бо Афғонистон амалиёти ҷангие сурат намегирад ва вазъ ором мебошад.”
Сухангӯи раисҷумҳури Узбекистон аз сокинони он кишвар хостааст, “ба хабару овозаҳои беасос” бовар накунанд.
Дар Вазорати дифои Узбекистон низ гуфтаанд, хабари мушакборон шудани марзбонон дар Тирмиз “ҳақиқат надорад”.
Айни замон шохаи “Хуросон”-и ДОИШ иддао кардааст, ки мушакҳоро аз шаҳраки Ҳайратони Афғонистон партоб кард.
Баъд аз рафтани нерӯҳои амрикоӣ дар моҳи августи соли 2021 аз Афғонистон, ҷангҷӯёни ДОИШ ҳамлаҳоро дар ин кишвар ва атрофи он бештар кардаанд.
Иёлоти Муттаҳида моҳи феврали имсол барои маълумот дар бораи раҳбари ДОИШ дар Афғонистон Саноуллоҳ Ғаффорӣ (Шаҳоб ал-Муҳоҷир) ва ёфтани ӯ 10 миллион доллар ҷоиза таъин кард.
Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида гуфт, Ғаффорӣ дар моҳи июни соли 2020 раҳбарии ДОИШ таъин шуда буд ва ӯ масъули тасдиқи тамоми амалиёти ҷангҷӯён дар саросари Афғонистон ва таҳияи маблағ барои фаъолияти онҳост.
Амрико Ғаффорӣ ва ду раҳбари дигари гурӯҳи тундравро дар Афғонистон “террористони байнулмилалӣ” номид.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
“Дар атрофи гулхан ва бо тарсу шубҳа”. Баъди боздошти 4 гумонзад ҳам сокинон дар Конибодом навбатдорӣ мекунанд
Имсол муҳоҷирати занони тоҷик ба Русия кам шудааст
Заҳролудшавии 4 узви як оила аз дуди ангишт дар Душанбе
Субҳон Ҷалилов: “Журналист бигзор якрав бошад, аммо бесавод набошад!”
Акнун аҳолӣ барои гирифтани маълумотномаи доғи судӣ изи ангушт месупоранд. Боз барои чӣ изи ангушт мегиранд?
Аз 14 рақам танҳо 5-то посух дод. Телефонҳо барои эълони кор дар хориҷа чӣ гуна кор мекунанд?
Эмомалӣ Раҳмон паёми имсолаашро дар бинои нави парлумон ироа мекунад
Дар миёни мусофирони ҳавопаймои суқуткардаи "Azerbaijan Airlines" ду зодаи Тоҷикистон ҳам будаанд
Аз кори мақомоти қудратӣ то ришвахории додрасҳо. Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2024 кадом ниҳодҳоро танқид кард?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Иллати ҳақиқӣ”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста