Баъди ба сари қудрат омадани Толибон* дар Афғонистон ва афзоиши таҳдидҳо аз ин кишвар, Тоҷикистон назорати марзро пурзӯр карда, теъдоди дидбонгоҳҳояшро ба беш аз 100 адад расонидааст. Дар ин бора Хайриддин Усмонзода, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 4-уми август, зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Мақомоти Тоҷикистон баъди ғасби қудрат дар Афғонистон аз сӯйи Толибон дар августи соли 2021 пайваста аз афзоиши хатар дар минтақаи марзии Тоҷикистону Афғонистон изҳори нигаронӣ мекунанд ва мегӯянд, дар қаламрави кишвари ҳамсоя гуруҳҳои зиёди террористӣ таҷаммӯъ кардаанд.
Хайриддин Усмонзода дар ин нишаст низ бори дигар аз афзоиши таҳдидҳо аз он сӯи дарёи Ому ба Тоҷикитсон ишора кард ва гуфт, ба ин хотир теъдоди дидбонгоҳҳо дар марз зиёд гардида, ба 100 адад расонида шуд ва як қисми онҳо дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ сохта шудаанд.
Бояд гуфт, ки мақомоти Тоҷикистон дар гузашта низ аз сохтмони чанд дидбонгоҳи нав ва ҳамчунин, наздиктар кардани дидбонгоҳҳо ба марзи Афғонистон хабар дода буданд.

Аз ҷумла, Зафар Гулзода, раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (Шӯробод) дар нишасти матбуотии зимистони соли равон гуфта буд, ки қисми низомиеро аз маркази ноҳия ба 12-километрии марзи Афғонистон кӯчонидаанд ва ҳадаф аз ин тасмим, қавӣ кардани назорати марзи Тоҷикистон бо Афғонистон аст.
Ҳамчунин, дар ин нишаст, стратеги №1-и Тоҷикистон мавқеи кишвар нисбат ба Толибонро бори дигар шарҳ дода, гуфт, он тағйир наёфтааст, аммо равобити иқтисодӣ вуҷуд дорад.
“Мо бо назардошти ҳамсоягие, ки бо ин кишвар дорем, ҳамкориҳои иқтисодиро қатъ намекунем. Барои он ки дастгирии мардуми Афғонистон аз ҷониби Тоҷикистон пеш аз ҳама ба тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ вобаста аст. Тоҷикистон тамоми долонҳои нақлиётии худро дар ихтиёри тамоми кишварҳои ҳамсоя ва ниҳодҳои байналмилалӣ гузоштааст, ки метавонанд, кӯмакҳои башардӯстонаи худро ба ин кишвар расонанд. Вале дар мавриди муносибати сиёсӣ, мавқеи Тоҷикистон ба Толибон тағйирнопазир ва устувор аст”, - гуфт Хайриддин Усмонзода.
Ин мақомдори тоҷик бори дигар ба зарурати таъсиси ҳукумати ҳамашумол, арҷгузорӣ ба ҳуқуқи занону духтарон барои кору таҳсил таъкид карда, афзуд ин хостаи қариб тамоми кишварҳои олам аз ҳукумати Толибон аст.
Ёдовар мешавем, ки пас аз ғасби қудрат дар Афғонистон аз сӯйи Толибон, роҳбарияти давлати Тоҷикистон мавқеи устувор ва оштинопазири худро алайҳи сиёсати ин гурӯҳ иброз намуда, зикр карда буданд, ки ягона роҳи шинохти расмии онҳо ташкили ҳукумати ҳамашумул ва таъмини ҳуқуқи занон дар Афғонистон мебошад. Аммо давоми ду соли охир, баъзан гуфтугузорҳо аз робитаҳои мақомоти Тоҷикистон бо намояндагони Толибон нашр мешавад. Мақомоти Тоҷикистон пайваста таъкид мекунанд, ки танҳо равобити тиҷоратӣ ба хотирӣ дастгирии мардуми Афғонистон ва ироаи кӯмакҳои башардӯстона ба ин кишвар доранд.
Наврӯз-бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 марти соли 2025
Интернет дар Тоҷикистон арзон мешавад?
Таъкиди раиси ҷумҳур ҳам асар накард? “Маршировка”-и садҳо донишҷӯй дар Хуҷанд барои таҷлили ҷашни Наврӯз
Ду рӯз пеш аз солгарди ҳамла ба “Крокус”. Муҳлати ҳабси гумонбарони асосӣ ду моҳи дигар тамдид шуд
Баҳорро бо пойгоҳҳои нави базавӣ пешвоз мегирем!
Замону макони чорабиниҳо маълум шуд. Имсол ҷашни Наврӯз дар Суғд чӣ гуна таҷлил мешавад?
Наврӯз муборак! Дар Тоҷикистон Соли нави хуршедӣ фаро расид
Ҳалли масоили сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон – намунаи беназир дар шароити кунунии ҷаҳонӣ
“Дар умрам дору нахӯрдаам”. Қиссаи зани 120 солае, ки 210 набераву абераву чабера дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста