Дар сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон рӯзи 16 октябр маросими ифтитоҳи дидбонгоҳи сарҳадии нав баргузор шуд.
Дидбонгоҳ аз ҳисоби маблағҳои ҳукумати Русия сохта шуда, ба ифтихори 25 марзбони руси дидбонгоҳи маъруфи 12-ум, ки соли 1993 ҳангоми муқовимат ба ҳамал террористн аз Афғонистон ҷон бохта буданд, номгузорӣ шуд.
Дар ин маросим сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев, фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, намояндагони Дастгоҳи Атташе оид ба масоили мудофиаи назди сафорати Русия ва Гурӯҳи ҳамкории сарҳадии Хадамоти федералии амният (ФСБ)-и Русия ширкат варзиданд.
Семён Григорев зикр кард, ки дидбонгоҳи нав як унсури назарраси посбонӣ ва ҳифзи қитъаи муҳими стратегии марзи Тоҷикистону Афғонистон дар сарҳади ҷанубии ИДМ ва СААД мегардад.
«Ҷумҳурие, ки бо Афғонистони ноором дарозтарин марз дорад, дар меъмории амнияти Осиёи Марказӣ нақши махсус дорад», - изҳор дошт ӯ.