Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) тасдиқ карданд, ки Акбаршо Искандаров, раиси пешини Шӯрои олии Тоҷикистон ва яке аз сиёсатмадорони шинохтаи тоҷик, боздошт шуда ва алайҳаш парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Ӯ солҳои охир ба ҳайси мудири Шӯъбаи масоили сиёсӣ ва байналмилалӣ дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ фаъолият мекард.
Нозим Маҳмадизода, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ, зимни нишасти матбуотии имрӯз, 1‑уми август, гуфт, ки Акбаршо Искандаров тахминан ду моҳ қабл ба бозпурсӣ даъват шудаву боздошт гардидааст.
“Ба парвандаи ҷиноятии он кас муҳри махфӣ зада шудааст. Барои ҳамин мо маълумоти иловагӣ надорем”, ‑ афзуд Маҳмадзода.
Ӯ дар масъалаи ёрӣ расонидан ба Акбаршо Искандаров гуфт, ки “мо кӯшиш мекунем, ба раванди тафтишот дахолат накунем”.
Нозим Маҳмадзода сабаби боздошт шудани Искандаровро зикр накард ва маълумоти бештар надод.
Акбаршо Искандарови 73-сола яке аз сиёсатмадорони шинохтаи солҳои аввали истиқлолияти кишвар аст. Ӯ замоне депутат ва раиси Шӯрои олии Тоҷикистон (роҳбари Тоҷикистон) буд. Искандаров, ба иттиллои расонаҳо, дар моҳи июн ба Додситонии кул даъват шудаву пас аз бозпурсӣ дигар раҳо нагардидааст.
Хабари боздошти Акбаршо Искандаровро бори аввал Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ нашр кард. Ин расона аз қавли ду манбаи худ рӯзи 21-уми июн навишт, ки “намояндагони Додситонии кулли Тоҷикистон 13-14-уми июн Акбаршоҳ Искандаровро ба бозпурсӣ даъват карда, дигар ҷавоб надоданд”.
Рӯзи 21‑уми июн як манбаи “Азия-Плюс” ҳам тасдиқ кард, ки Акбаршо Искандаров аз 14-уми июн инҷониб дар ҷойи кораш – Институти фалсафаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дида намешавад.
Ба иттилои манобеи “Азия-Плюс”, Акбаршо Искандаров ҳоло дар Боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ мешавад.
Бо гузашти қариб ду моҳ Додситонии кулли Тоҷикистон дар робита ба қазияи боздошти Акбаршо Искандаров шарҳи расмӣ надодааст. То ҳол сабаби ба бозпурсӣ даъват шудану дастгир гардидани Акбаршо Искандаров номаълум аст.
Аммо манобеи огоҳ мегӯянд, ки боздошти Акбаршо Искандаров ба парвандаи Саидҷаъфар Усмонзода, вакили акнун пешини парлумон ва раиси собиқи Ҳизби демократ, иртибот мегирад.
Саидҷаъфар Усмонзода ба иттиҳоми “барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият” ё моддаи 306, қисми 2, банди “в” айбдор мешавад.
Пас аз боздошти Саидҷаъфар Усмонзода, вазири собиқи корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, Аҳмадшоҳ Комилзода - муовини раиси Ҳизби демократ ва Шокирҷон Ҳакимов - муовини раиси Ҳизби сотсиал - демократ аз тарафи мақомот ба бозпурсӣ даъват шудаву раҳо нагардидаанд.
То ҳол сабаби боздошти онҳо муайян нест ва Додситони кулли кишвар низ дар ин бора шарҳи расмӣ намедиҳад.
Ҳизби аграрӣ ҳам барои омодагӣ ба интихоботи парлумонӣ анҷуман баргузор мекунад
Кушторҳои пайдарпай дар Конибодом. Раиси вилояти Суғд гуфт, тафтиши ҳодисаҳо “таҳти таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат” аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Мунозираи муъмину кофир”
Тоҷикистон воридоти ғалладонаро аз Қазоқистон зиёд кард: зиёда аз 1 млн тонна дар 10 моҳ
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 декабри соли 2024
Аз Боми ҷаҳон то мансабҳои баландпояи Тоҷикистон. Нигоҳе ба корномаи яке аз қурбониёни ҷанги шаҳрвандӣ Моёншо Назаршоев
Қамчибек Тошиев гуфт, ҷузъёти созишномаи марзӣ бо Тоҷикистонро дар моҳи январ ошкор мекунанд
Дар Истаравшан аз рӯи далели то ба худкушӣ оварда расонидан парвандаи ҷиноятӣ боз шуд
Тартиби гирифтани талоқ чӣ гуна мегузарад ва маблағи боҷи давлатӣ барои пешниҳоди ариза чанд аст?
Директори Лигаи футболи Тоҷикистон иваз шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста