Дар Душанбе вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва роҳбари калони бахши нақлиётии Фонди авруосиёии мӯътадилсозӣ (субот) ва рушд (ФАМР) Александр Рашиков имкони сохтмони долонҳои зиддитармавиро дар қитъаҳои осебпазири роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ баррасӣ карданд.
Тавре ки Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар мулоқоти ҷонибҳо, аз ҷумла сохтмони 51 чунин долонҳо бо масофаи умумии 5,2 ҳазор метр барои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ дар давраи зимистон баррасӣ шуд.
Вазорати нақлиёт дар бораи мушаххасан кадом роҳҳо будан хабар намедиҳад, лекин дар вохӯрӣ директори МД «Маркази татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи автомобилгарди "Душанбе-Чанок" дар назди ҳукумати Тоҷикистон Зафар Шарифзода низ ҳузур доштааст.
“Иштирокчиёни вохӯрӣ доир ба зарурати иҷрои ҳарчи зудтари лоиҳа баҳри беҳбуди вазъи бехатарии ҳаракат дар роҳ изҳори итминон карданд, - зикр карданд дар Вазорат. - Бахши нақлиёти автомобилгард бинобар сабаби шароитҳои хоси иқлимӣ ва мавқеи ҷуғрофии кишвар аҳаммияти бузург дорад: ҳамлу нақли зиёда аз 93,4% бор ва 99,8%-и мусофирон маҳз тариқи нақлиёти автомобилӣ анҷом дода мешавад”.
Дар Вазорати нақлиёт хабар доданд, ки айни замон ба сурати умум 12 лоиҳа ба маблағи зиёда аз 1 млрд доллар мавриди амалишавӣ қарор дорад, ки дар доираи созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ сармоягузорӣ шудаанд.
Маълумотномаи “Азия-Плюс”
Фонди авруосиёии субот ва рушд (ФАСР) механизми минтақавии молиявӣ бо ҳаҷми зиёда аз 9 млрд доллар мебошад, ки соли 2009 аз ҷониби давлатҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Мусоидат ба устувории иқтисодӣ ва молиявӣ дар кишварҳои узви Фонд, инчунин дастгирии онҳо дар самти таъмини рушди устувор аз ҳадафҳои ФАСР унвон мешаванд.
“Аҳмади Иброҳим ва дигар рӯзноманигоронро озод кунед”. Талаби ду созмони дифоъ аз рӯзноманигорон аз мақомоти Тоҷикистон
"Ҳар шом, ки ояд, зи пайи он саҳаре ҳаст..." Оё Тоҷикистон то соли 2027 ба истиқлолияти энергетикӣ мерасад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хари содадил ва рӯбоҳи фиребкор”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 январи соли 2025
Аз Душанбе ба Хуҷанд, Панҷакент, Хоруғ, Кӯлоб ва Бохтар кадом воситаҳои ҳамлу нақл фаъол ҳастанд?
Бонки миллии Тоҷикистон тангаҳои хотиравӣ ва ҷашниро ба фурӯш баровард
“Хонаҳои бесоҳиб"-и шаҳри Истиқлол. Боздошти як нафар барои фурӯши он
Сафкашии сайёраҳо. Сокинони Тоҷикистон рӯзҳои 21-28 январ кадом сайёраҳоро метавонанд бубинанд
Дар беш аз нисфи минтақаҳои Русия фаъолияти муҳоҷирон маҳдуд шудааст
Парвози аввалини хатсайри Душанбе – Панҷакент ба таъхир гузошта шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста