Дар шаҳри Душанбе зимни кори мизи гирд таҳти унвони «Механизми воридкунии маъюбон ба фаъолияти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ сиёсӣ дар Тоҷикистон» масоили ҳифзи иҷтимоии маъюбон ва ҳуқуқҳои онҳо баррасӣ шуданд.
Чорабинии мазкур аз ҷониби Департамент оид ба масоили иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (UNDESA) ва намояндагии Барномаи рушди СММ дар ҶТ созмон дода шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон хабар доданд, дар кори мизи мудаввар кормандони вазорату идораҳои дахлдор, ҷамъиятҳои маъюбони шаҳри Душанбе ва ҳамчунин намояндагони созмонҳои байнулмилалии ғайриҳукуматӣ иштирок карданд.
Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ омӯзиши таҷрибаи пешқадам дар бахши ҳамгиройии шахсони имконияташон маҳдуд ва баррасии маҷмӯи васеи масоили ҳифзи иҷтимоии маъюбон бо мақсади эҳтимоли имзои «Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон» маҳсуб меёфт.
Ҳамоҳангсози СММ ва намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар ҶТ Александр Зуев зимни суханронӣ изҳор дошт, ки имрӯз дар саросари ҷаҳон ҳудуди 15% ё худ наздик ба 1 млрд. нафар афроди дорои имконияти маҳдуд ба сар мебаранд, ки аз 90 то 150 млн. нафарашон кӯдакон мебошанд ва маъюбон бешубҳа қишри осебпазиртарини ҷомеа ба шумор мераванд.
« Ҳукумати Тоҷикистон баҳри беҳбуди вазъи маъюбон иқдомҳои ҷиддӣ роҳандозӣ менамояд ва қабули қонуни нав дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон дар соли 2010 иқдоми муҳим дар сабуксозии вазъ ва амалисозии ҳуқуқи маъбон арзёбӣ мегардад», - гуфт ӯ.
Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Маҳмадамин Маҳмадаминов изҳор кард, ки яке аз ҳадафҳои асосии давлат дастгирии ҳамаҷонибаи қишри осебпазири ҷомеа буда, соли равон барои дастгирӣ ва ҳифзи иҷтимоии маъюбон, шахсони яккаву танҳо ва пиронсолон, собиқадорону ятимон аз буҷети давлатӣ ҷудо гардидани 153 млн. сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст, ки ба ҳар кадоме аз онҳо дар як сол 9 ҳазору 800 сомонӣ рост меояд.
Ёдрас мекунем, ки Маҷмаи кулли СММ «Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон»-ро 13-уми декабри соли 2006 қабул карда, 3-юми майи соли 2008 он мавриди амал қарор гирифт. Дар як вақт бо Конвенсия Протоколи факултативӣ ба он қабул ва мавриди амал қарор гирифт. То ин дам ҳуқуқи маъюбон дар ҳуҷҷати ягонаи ҳуқуқӣ-байнулмилалӣ дарҷ наёфта буданд. Айни замон Конвенсияи мазкур аз ҷониби 153 кишвари ҷаҳон ба имзо расида, 109 давлат онро тасдиқ намудаанд. Протоколи факултативӣ ба онро 90 кишвари дунё ба тасвиб расониданд.
Фарҳод Раҳимӣ: “Як қисми заминҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргардонида шуд”
Ҳунарпешагони тоҷик дар филми “Рустаму Сӯҳроб” дар Эрон нақш меофаранд
“Ба таври таҷрибавӣ санҷида шуд”. Барномаи “Ислоҳнигорӣ” кай фаъол мешавад?
Сабти филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” баъди Наврӯз оғоз мегардад
Парвандаи роҳбари ширкати "Арса", ки ба фиреби хоҳишмандони кор дар Британия гумонзад аст, ба додгоҳ ирсол шудааст
“Интернети босуръат ва арзон”. Сокинон аз раиси нави Хадамоти алоқа чӣ интизорӣ доранд?
Маҳсулоти бесифат, воридоти равғани нахл, мораторий. Дар нишасти хабарии “Тоҷикстандарт” боз чӣ гуфтанд?
Юсуф Раҳмон вазифаи нав гирифт
Раиси Бобоҷон Ғафуров шикояти волидайн дар бораи харидории пойафзор аз як корхонаро шарҳ дод
Рустами Эмомалӣ супориш дод, ки дар ВМКБ Академияи футбол бунёд шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста