Тайи солҳои Истиқлолият бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ зиёда аз 750 муассисаи тиббӣ аз ҳисоби лоиҳаҳои инвеститсионӣ, маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ сохта, таъмиру барқарор гардида, бо дастгоҳҳои муосири замонавӣ ҷиҳозонида шуданд.
Зимни суханронӣ дар муҳокимаи парлумонӣ «Оид ба вазъи пешгириву назорати бемориҳои ғайрисироятӣ дар Тоҷикистон ва татбиқи барномаҳои миллии алоқаманд» вазири тандурустии кишвар Нусратулло Салимов изҳор кард, ки айни ҳол дар соҳаи тандурустӣ зиёда аз 20 Қонун ва зиёда аз 20 ҳуҷҷатҳои муҳими соҳавӣ ва байнисоҳавӣ, аз ҷумла барномаҳои миллӣ, стратегия ва консепсияҳо вобаста ба ислоҳоти самтҳои мухталиф ва афзалиятноки соҳа, татбиқ шуда истодаанд.
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Хайринисо Юсуфӣ дар ин робита иброз дошт, ки дигаргуниҳои мусбӣ дар раванди хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, бахусус дар масъалаҳои ворид намудани усулҳои нави табобати бемориҳои дил, аз ҷумла барои такмили хизматрасонии беморони гирифтори нуқсонҳои вазнини модарзодии дил, бемориҳои саратон, бемориҳои оризавии чашм, ҳолатҳои шадиди ҷигару гурдаҳо, татбиқи дастовардҳои илми муосир, усулҳои гуногуни табобати ҳуҷайрадармонӣ, пайвандсозии узвҳо ба назар мерасанд, ки онҳо ба беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббии аҳолӣ нерӯи нав бахшида, такони амалӣ доданд.
Хайриннисо Юсуфӣ аз масъулони Вазорати тандурустӣ ва ниҳодҳои марбутаи он дархост намуд, ки дар доираи супоришу дастурҳои Президенти мамлакат вобаста ба масъалаҳои ҳифзи солимии аҳолии Тоҷикистон, аз ҷумла дар пешгирӣ ва табобати бемориҳои ғайрисироятӣ барои омодагии сохторҳои дахлдор вобаста ба таҳлил ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар масъалаҳои рушди хизматрасонии тиббӣ, алалхусус дар масъалаҳои тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии тиббии аҳолӣ; омӯзиш ва андешидани тадбирҳо вобаста ба масъалаҳои хизматрасонии маъюбон ва солимгардонии онҳо; самаранок ва мақсаднок истифода намудани маблағҳои инвеститсионӣ бояд чорабиниҳои бетаъхирро ба анҷом расонад.
Фарҳод Раҳимӣ: “Як қисми заминҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргардонида шуд”
Ҳунарпешагони тоҷик дар филми “Рустаму Сӯҳроб” дар Эрон нақш меофаранд
“Ба таври таҷрибавӣ санҷида шуд”. Барномаи “Ислоҳнигорӣ” кай фаъол мешавад?
Сабти филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” баъди Наврӯз оғоз мегардад
Парвандаи роҳбари ширкати "Арса", ки ба фиреби хоҳишмандони кор дар Британия гумонзад аст, ба додгоҳ ирсол шудааст
“Интернети босуръат ва арзон”. Сокинон аз раиси нави Хадамоти алоқа чӣ интизорӣ доранд?
Маҳсулоти бесифат, воридоти равғани нахл, мораторий. Дар нишасти хабарии “Тоҷикстандарт” боз чӣ гуфтанд?
Юсуф Раҳмон вазифаи нав гирифт
Раиси Бобоҷон Ғафуров шикояти волидайн дар бораи харидории пойафзор аз як корхонаро шарҳ дод
Рустами Эмомалӣ супориш дод, ки дар ВМКБ Академияи футбол бунёд шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста