Имрӯз дар Тоҷикистон ҷашни Рӯзи ҷавонон таҷлил мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти шаҳрдории Душанбе хабар доданд, ба ин муносибат раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо як гурӯҳи ҷавонони фаъоли пойтахт мулоқот хоҳад орост.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни вохӯрӣ баррасии нақшаҳои ҳукумати пойтахт доир ба ҳалли мушкилоти ҷавонон, масоили истифодаи имконоти ҷавонони пойтахт дар ободонии шаҳр ва дигар масоили рӯзмарраи ҷавонон дар назар аст.

Мутобиқи қарори раиси шаҳри Душанбе, ба ифтихори таҷлили ҷашни Рӯзи ҷавонон дар пойтахт як силсила чорабиниҳо, аз ҷумла вохӯрии собиқадорони ҷангу меҳнат бо ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ, қисмҳои низомӣ, мусобиқоти варзишӣ, аксияи шаҳрӣ таҳти унвони «Нест бод нашъамандӣ ва ВИЧ/СПИД», консертҳо ва дигар чорабиниҳо баргузор мешаванд.

Дар паёми табрикотии худ бахшида ба ин ҷашн президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки ҳисси ватандориву ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҷавонони мо торафт боло рафта, иштироки онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишварамон сол аз сол тақвият меёбад.

Ёдрас мекунем, ки шурӯъ аз соли 1997 санаи 23-юми май дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи ҷавонон таҷлил мегардад. Ин сана аз рӯзи таъсиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ ҷашн гирифта мешавад. Ҳадаф аз таҷлили ҷашни Рӯзи ҷавонон тавачҷҷуҳи бештар ба ҳалли мушкилоти насли наврас ва ҷавонон аст. Феълан ҳудуди 70%-и аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд.