Дар доираи созишномаи байни Хазинаи глобалӣ оид ба мубориза зидди бемориҳои БПНМ, сил ва вараҷа (ГФСТМ) ва Намояндагии Бунёди кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҶТ) дар транши 2 давраи 8 (2012-2014) Вазорати Маорифи ҶТ дар амаликунии Барномаҳои миллӣ оид бамуқовимат зидди эпидемияи ВНМО/БПНМ дар ҶТ барои солҳои 2011-2015 дастгирӣ гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Амаков Қамарбек, менеҷери кор бо ҷомеаи ТҶ «Насли ҷавони Тоҷикистон» хабар дод, ин ҳамкорӣ барои боздошти паҳншавии эпидемияи БПНМ дар ҷумҳурӣ, хусусан байни ҷавонон равона шудааст. Махсусан, дар доираи барномаи дар боло зикршуда ЮНИСЕФ Вазорати тандурустиро дар рушд ва тақвияти 21 шӯъбаҳои тиббӣ-машваратии ҷавонон (ШТМҶ) воқеъ дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода, Қурщонтеппа, Данщара, Кӯлоб, Хоруғ, Исфара, Панҷакент ва Хуҷанд дастгирӣ менамояд. Ин шӯъбаҳо дар асоси марказҳои саломатии репродуктивӣ ва муассисаҳои касалиҳои пӯст ва таносул таъсис шудаанд. Вазифаи асосии шӯъбаҳо аз таъминоти ҷавонони осебпазири 10-24 сола бо хизматрасониҳои асосӣ оид ба пешгирии ВНМО/БПНМ, ки ташхис ва табобати БСҶ-ро дарбар мегиранд, ва тақвияти саломатии репродуктивӣ иборат аст.
Дар доираи созишнома ЮНИСЕФ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ: ТҶ «Насли солим», ТҶ «Саломатии репродуктивӣ ва наврасон» ва НТҶ «Насли ҷавони Тоҷикистон» дар ш. Хуҷанд азм доранд, ки қисмат (компонент) оид ба кори аутричиро бо мақсади ҷалби ҷавонони осебпазир ба истифодабарии хизматрасониҳои ШТМҶ, ки дар 21 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҷойгир мебошанд, дастгирӣ намоянд.
Ҷавононе, ки ба ёрии духтурон/мутахассисони ШТМҶ эҳтиёҷ доранд, варақае (роҳхат ба мутахассиси ММКО) мегиранд, ки бо воситаи он онҳо метавонанд аз хизматрасониҳои ШТМҶ истифода баранд. Аз ҳама иштирокчиён/ихтиёриёни фаъоли лоиҳа соҳиби мукофот дар намуди халтаҳои маводи озуқаворӣ ва гигиенӣ мегарданд. Дар давраи лоиҳавӣ ҷалбкунии 36000 ҷавонон бо хизматрасониҳои ШТМҶ ба нақша гирифта шудааст. Бар замми ин, ҳангоми кори аутричӣ маводҳои иттилоотии пешгирикунанда аз хатари сирояти ВНМО/БСҶ, истеъмоли нашъа ва пешгирии ҳомиладории номатлуб паҳн карда мешаванд. Лоиҳа барои 18 моҳ пешбинӣ шудааст ва шурӯъ аз моҳи майи соли ҷорӣ амалӣ шуда истодааст.
Фарҳод Раҳимӣ: “Як қисми заминҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргардонида шуд”
Ҳунарпешагони тоҷик дар филми “Рустаму Сӯҳроб” дар Эрон нақш меофаранд
“Ба таври таҷрибавӣ санҷида шуд”. Барномаи “Ислоҳнигорӣ” кай фаъол мешавад?
Сабти филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” баъди Наврӯз оғоз мегардад
Парвандаи роҳбари ширкати "Арса", ки ба фиреби хоҳишмандони кор дар Британия гумонзад аст, ба додгоҳ ирсол шудааст
“Интернети босуръат ва арзон”. Сокинон аз раиси нави Хадамоти алоқа чӣ интизорӣ доранд?
Маҳсулоти бесифат, воридоти равғани нахл, мораторий. Дар нишасти хабарии “Тоҷикстандарт” боз чӣ гуфтанд?
Юсуф Раҳмон вазифаи нав гирифт
Раиси Бобоҷон Ғафуров шикояти волидайн дар бораи харидории пойафзор аз як корхонаро шарҳ дод
Рустами Эмомалӣ супориш дод, ки дар ВМКБ Академияи футбол бунёд шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста