Писари хурдии президенти Тоҷикистон, толибилми синфи ҳафтуми мактаби байнулмилалии Душанбе Сомонӣ Эмомалӣ дар бахши барномасозии Олимпиадаи байнулмилалии лоиҳавӣ оид ба технологияҳои иттилоотӣ, ки аввали моҳи май дар пойтахти Руминия-Бухарест доир гардид, ба медали тило сазовор дониста шуд.
Писари 13-солаи Эмомалӣ Раҳмон фарҳанги электронӣ ба чор забон – тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва туркиро таҳия намуд. Толибилми дигар – Исрофил Исмоилов, ки ҳамроҳ бо писари президент ин луғатро таҳия намудаанд, низ соҳиби медали тило шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори литсейи тоҷикиву туркии ба номи Хоҷа Камол Наим Йилдирим хабар дод, Олимпиадаи байнулмилалии лоиҳавӣ оид ба технологияҳои иттилоотӣ дар Бухарест аз рӯйи чор номинатсия – барномарезӣ, филми анниматсионӣ, филми мухтасари тарбиявӣ ва идоракунии компютерӣ баргузор гардидааст.
Ҳамчунин дар ин олимпиада хонандаи синфи панҷуми мактаби байнулмилалӣ Шералӣ Абдуллоев ва Селман Эркай барои таҳияи филми анниматсионии «Қонунҳои мактаб» ба медали нуқраи олимпиада қадрдонӣ шуданд.
Дар номинатсияи мазкур толибилмони синфи ҳаштуми литсей-интернати тоҷикиву туркии шаҳри Хуҷанд Исматҷон Исматов ва Мирзоикром Шарифов барои филми тасвирии «Савдогар ва тӯтӣ» ба медали биринҷӣ мушарраф гардиданд.
Дар номинатсияи филми мухтасари тарбиявӣ хонандагони синфи 10-уми литесйи иқтисодии тоҷикиву туркии шаҳри Душанбе Саидмузаффар Ҳайдаров ва Шералӣ Саидов барои филми «Қалами кабуд» медали биринҷӣ гирифтанд.
Ёдрас мекунем, ки моҳи апрели соли 2010 дар олимпиадаи байнулмилалии илмӣ дар шаҳри Екатеринбург духтари президенти Тоҷикистон – Фарзона аз фанни забони русӣ соҳиби медали тило шуда буд. Он замон Фарзона дар синфи шашуми литсейи президентии шаҳри Душанбе таҳсил мекард.
Дар акс писари президент аз чап
Фарҳод Раҳимӣ: “Як қисми заминҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргардонида шуд”
Ҳунарпешагони тоҷик дар филми “Рустаму Сӯҳроб” дар Эрон нақш меофаранд
“Ба таври таҷрибавӣ санҷида шуд”. Барномаи “Ислоҳнигорӣ” кай фаъол мешавад?
Сабти филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” баъди Наврӯз оғоз мегардад
Парвандаи роҳбари ширкати "Арса", ки ба фиреби хоҳишмандони кор дар Британия гумонзад аст, ба додгоҳ ирсол шудааст
“Интернети босуръат ва арзон”. Сокинон аз раиси нави Хадамоти алоқа чӣ интизорӣ доранд?
Маҳсулоти бесифат, воридоти равғани нахл, мораторий. Дар нишасти хабарии “Тоҷикстандарт” боз чӣ гуфтанд?
Юсуф Раҳмон вазифаи нав гирифт
Раиси Бобоҷон Ғафуров шикояти волидайн дар бораи харидории пойафзор аз як корхонаро шарҳ дод
Рустами Эмомалӣ супориш дод, ки дар ВМКБ Академияи футбол бунёд шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
Шероз21 апрел, 2013 09:40
Мухтарам кормандони "Азия плюс" хай як сол гузашт ба хами видеои писари чаноб. дигар видео нестми? ё барои гирифтану ба чояш дигар видео мондан тарсида истодаетонми?
test3 ноябр, 2012 01:03
Yak kalimaro 2 marotiba khato navisted! Sharm kuned !! In yak boru se bor ne !!!!
ibrohim26 август, 2012 17:48
bismillohir rahmonir rahim. assalomu alekum varahmatulloh agar imkoniaton meshud hami programmara ba man roi mekarded.agar vay nashavad shoyad shumo yagonto haminhel tojiki doshta boshed. Alloh nigohbonaton.