Ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе «Имконият» дар ҳамдастӣ бо Шӯъбаи ташкилоти байнулмилалии Иниститути «Ҷамъияти кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон барои нобиноён Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбонро бо ҳуруфи Брайл ба чоп расонид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ҷамъияти «Имконият» Асадулло Зикрихудоев хабар дод, Конвенсия бо теъдоди 375 нусха – 250 нусха бо забони русӣ ва 125 нусха бо забони тоҷикӣ нашр шудааст.
«Конвенсия миёни нобиноён тақсим карда мешавад, то ки онҳо аз ҳуқуқҳои худ ва асноди ҳуқуқии байнулмилалӣ дар ин соҳа ва иҷрои талаботи он аз ҷониби давлат огаҳ гарданд. Чанд нусха аз Конвенсияи нашршуда ба шӯъбаи махсуси кор бо шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ супурда мешавад», - гуфт ӯ.
Номбурда изҳор кард, ки Конвенсияи ҳуқуқи маъюбон барои нобиноён дар чаҳорчӯби татбиқи лоиҳаи «Ташаббусҳо» ба нашр расида, ки баҳри аз ҷониби Тоҷикистон эътироф гардидани Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи маъюбон равона гардидааст. Дар давраи татбиқи лоиҳа барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкилоти маъюбон як қатор чорабиниҳо гузаронида шуданд.
Бино ба маълумоти оморӣ, имрӯз дар Тоҷикистон ҳудуди 160 ҳазор нафар шахсони имконияташон маҳдуд ба сар мебаранд.
Тоҷикистон то ҳанӯз Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбонро қабул накардааст. Айни замон Конвенсияи мазкур аз ҷониби 153 кишвари ҷаҳон ба имзо расида, 109 давлат онро тасдиқ намудаанд. Протоколи факултативӣ ба онро 90 кишвари дунё ба тасвиб расониданд.
Фарҳод Раҳимӣ: “Як қисми заминҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргардонида шуд”
Ҳунарпешагони тоҷик дар филми “Рустаму Сӯҳроб” дар Эрон нақш меофаранд
“Ба таври таҷрибавӣ санҷида шуд”. Барномаи “Ислоҳнигорӣ” кай фаъол мешавад?
Сабти филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” баъди Наврӯз оғоз мегардад
Парвандаи роҳбари ширкати "Арса", ки ба фиреби хоҳишмандони кор дар Британия гумонзад аст, ба додгоҳ ирсол шудааст
“Интернети босуръат ва арзон”. Сокинон аз раиси нави Хадамоти алоқа чӣ интизорӣ доранд?
Маҳсулоти бесифат, воридоти равғани нахл, мораторий. Дар нишасти хабарии “Тоҷикстандарт” боз чӣ гуфтанд?
Юсуф Раҳмон вазифаи нав гирифт
Раиси Бобоҷон Ғафуров шикояти волидайн дар бораи харидории пойафзор аз як корхонаро шарҳ дод
Рустами Эмомалӣ супориш дод, ки дар ВМКБ Академияи футбол бунёд шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста