Чанде қабл раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарореро ба имзо расонид, ки дар он тағйири номгузории чанде аз кӯчаҳои пойтахт пешниҳод мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбен Шавкат Саидов хабар дод, қарори мазкур бо мақсади абадӣ гардонидани хотираи арбобони шинохтаву маъруфи адабиёту фарҳанги мардуми тоҷик, ки дар рушди фарҳанги ватанӣ саҳми босазо гузоштаанд, қабул шудааст.

«Дар қарори раиси пойтахт пешниҳод мегардад, ки кӯчаи 9 январи ноҳияи Сино ба номи Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Сафармуҳаммад Айюбӣ, кӯчаи Привокзальнаяи ноҳияи Шоҳмансур ба номи Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Қутбӣ Киром ва кӯчаи Пионерскаяи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ба номи Ҳунарпешаи халқии  Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ, вакили мардумии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ, профессор Ҳанифа Мавлонова номгузорӣ шавад», - гуфт Ш.Саидов.

Номбурда афзуд, назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Н. Хайруллоев  вогуузор гардидааст.