Аз 25 то 29 маи соли 2012 дар вилояти Суғди  Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маркази таълимии Бонки Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Шаҳристон вохӯрии ташкилотҳои Ҷомеаи шаҳрвандии Осиёи Марказӣ оиди ташкили шабакаи ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ баргузор мегардад.  

Мақсади асосии чорабинӣ - ин ба роҳ мондани механизми фаъолиятҳои муштараки ҷонибҳои манфиатдор ва ҳамкории созанда бо сохторҳои ҳукуматӣ барои баландбардории нумӯъ/потенсиали саноати коркарди озуқаворӣ дар Осиёи Марказӣ ва инчунин  тақвият додани ҳамкории минтақавӣ, муҳити боварӣ ва ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад.

Дар кор оиди ташкили шабака ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ аз 5 кишвари Осиёи Марказӣ (Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Тоҷикистон) ширкат меварзанд. Айни замон  ибтикори ташкили шабака аз тарафи 11 ташкилотҳои ғайриҳукуматии минтақа дастгирӣ гардидааст.

Чорабинии мазкур аз тарафи ташкилоти ғайриҳукуматии австриягии Hilfswerk Austria International дар ҳамкории зич бо ҳамкорон аз Осиёи Марказӣ ва дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо дар доираи барномаи Осиёи Марказӣ-Инвест II барпо мегардад.

Лоиҳаи мазкур барои пешбарии ҳамкории Осиёи Марказӣ ва ҳамгироӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ равона шудааст.