Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев Раёсати сохтмони мақомоти шаҳрдориро ҷиҳати омода кардани лоиҳаи Шартномаи сетарафа байни Раёсати мазкур, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ростовгипрошахт»-и шаҳри Ростови лаби Дони Федератсияи Россия оид ба таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ-харҷномавии иншооти «Маҷмааи биноҳои истиқоматии баландошёнаи бисёрҳуҷрадор бо ҷойгир намудани маркази савдову хизматрасонӣ дар ошёнаҳои якуму дуюм ва таваққуфгоҳи якқабатаи зеризаминӣ дар хиёбони Рӯдакӣ (рӯ ба рӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон) муваззаф кард.

Ҳамчунин бо қарори раиси пойтахт барои корҳои лоиҳакашии иншооти мазкур аз ҳисоби воситаҳои озоди шаҳр 4 млн. 156 ҳазору 500 сомонӣ маблағ ҷудо мегардад.